Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи “Оҳангудозии Тоҷикистон”-ро ифтитоҳ кард
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими оғози фаъолияти корхона, ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад.
Дар иттилоия омадааст, ки барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва банду басти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад”
Манбаъ афзуд, ки ашёи хом ба корхона қисман аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он аз ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.
Бар асоси иттилои котиботи раисиҷумҳур, айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолият доранд.