Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ, худро дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ масъул донистааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс” дар филми ҳуҷҷатии шабакаи PBS-и Амрико, ки ҳафтаи оянда пахш хоҳад шуд, Бин Салмон гуфтааст, аз он ҷо ки Хошуқҷӣ “таҳти назорати ӯ” ба қатл расид, “тамоми масъулияти ҳодисаро ба дӯш мегирад”.
Ҷамол Хошуқҷӣ, барои рӯзномаи амрикоии “Вашингтон Пост” матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд. Хошуқчӣ рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷоле дар арсаи байналмилалӣ ба миён омад.
Хадамоти махсуси Амрико, мақомоти Туркия ва ҳукуматҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки дастури қатли Хошуқҷиро валиаҳди Саудӣ додааст. Аммо мақомдорони Саудӣ мегӯянд, ӯ дар ин ҳодиса ҳеч нақш надорад.
Муҳаммад бин Салмон дар филми шабакаи PBS ва дар ҷавоб ба суоли он ки чаро аз рух додани ин ҳодиса дар ғафлат монд, гуфтааст, “мо бист миллион аҳолӣ ва се миллион коргари давлатӣ дорем.”.
Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ҳодисаи қатли Хошуқчӣ дар Стамбул, изҳори бехабарӣ мекард, аммо баъдан, эълом кард, ки Хошуқҷӣ дар як “даргирӣ бо мушт” зарб хурда, дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ “қасдан” сурат гирифтааст.