Сухангӯи вазорати дифъои Амрико эълом кард ки кишвараш ба Арабистони саъудӣ 200 низомӣ ва сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот ирсол хоҳад кард.
Ҷонатан Ҳофман, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико эълом кард ки Вашингтон дар пайи ҳамалоти ахир ба таъсисоти нафтӣ, ба Арабистони саъудӣ 200 низомӣ ва сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот ба ин кишвар ирсол хоҳад кард.
Ҳофман бо интишори баёнияе эълом карда аст: Дар пайи ҳамалоти ахир ба Арабистони саъудӣ ва дархости онҳо (мақомоти Арабистони саъудӣ) Морк Аспер вазири дифоъ дастури ирсоли як сомонаи дифоъи ҳавоии Пэтриот, чаҳор системаи радарӣ, дар худуди 200 низомӣ ба подшоҳии (саъудӣ)-ро содир кардааст.
Вай ҳадаф аз ирсоли ин таҷҳизотро тақвияти қудрати дифъои Арабистони саъудӣ эълон кардааст.
Сухангуи вазорати дифоъи Амрико ҳамчунин аз дастури Морк Аспер барои омодабошии нерӯҳои захира хабар дода, афзудааст: Тасмими мабнӣ барои эъзоми ин нерӯҳои тақвиятӣ гирифта шуда, аммо онҳо омодаи разм хоҳанд буд. Илова ба нерӯҳои тақвиятӣ, ду сомонаи Пэтриот ва як сомонаи дифъои ҳавоии бурди баланд низ омодаи ирсол хоҳад буд.
Ҳофман бо баёни ки кишварҳои дигар низ ба “фалокатҳо”-и эҷодшуда аз сӯи Эрон изъон доранд, хостори ҳимояти кишварҳои ҷаҳон аз Арабистони саъудӣ шудааст.