Дилбар Гургова — ҳамсари яке аз зиндониёни қазияи машҳури генерол Абдуҳалим Назарзода ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, молики хонаи иҷоравияш уро аз хона бо 5 фарзанди ноболиғаш берун кардааст.
Ба қавли у, қарор буд ҳамроҳ бо 5 фарзандаш барои 8 моҳи дигар дар хонае, ки иҷора гирифта буданд, зиндагӣ кунанд. Аммо баъд аз ду моҳи иқомат, соҳибхона аз онҳо талаб кардааст, ки хонаро тарк намоянд.
Дилбар Гургова мегӯяд, ки қаблан ба соҳибхона гуфта буд, ки панҷ фарзанд дораду шавҳараш дар маҳбас аст ва ҷое барои рафтан надорад. Соҳибхона розӣ шуда ин хонаро барои истифода дар ихтиёри у гузоштааст, аммо ҳоло, ки зимистон наздик шуда итодааст, омада ва кӯчи онҳоро аз хона берун мекунад.
Ба гуфтаи Дилбар Гургова, муддати 3 рӯз аст, ки ӯву панҷ кӯдаки ноболиғаш дар ҳавлии яке аз истиқоматкунандагони ин бино, ки ӯ қаблан дар он иҷоранишин буд, шабро рӯз мекунанд. Ҳаминҷо кӯдакони ӯ хӯрок мехӯранд ва ба дарс омодагӣ мебинанд.
Ин модар дар чанд моҳи охир баъди он сарсон шуд, ки Додгоҳи олӣ шавҳараш Амонулло Нуров, яке аз ёрони Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм, ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
Дилбар Гургова дар рӯзҳои аввали боздошти шавҳараш бинобар рӯзгори сахт, ҳатто тасмим дошт, ки фарзандҳояшро ба ятимхона супорад. Аммо вақте додгоҳ барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонаш парванда боз кард, дертар бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ва ба таҳсил ҷалб шудани фарзандонаш, парванда алайҳи ӯро қатъ намуд.

Иззат Амон
Иззат Амон- вакили дифоъи муқими Русия, роҳбари иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия чанде пеш баъди расонаӣ шудани мушкилоти пай дар пайи Дилбар Гургова сарпарастии фарзандони уро ба уҳда гирифта ҳатто фарзандони Дилбар Гурговаро фарзандхонд карда буд. У дар робита ба ин муносибати соҳибхона ба Паём.net гуфт: Ба гумони ман бармегардад, ба он ки қазияи ин хоҳар ва ҳабс шудани шавҳараш расонаӣ гашт. Дилбар гургова ягона зане буд, ки нисбати ҳасби шавҳараш садо баланд кард. Ҳамагон медонанд, ки баъди расонаӣ шудани аҳволаш алайҳи ин хоҳар мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин ҳам бошад ба хотири он буд, ки фарзандонаш ба сабаби надоштани шароити иқтисодӣ ба мактаб рафта натавонистаанд. Баъд аз суҳбат ва хоҳиши мо бо прокурор ин парванда гумон мекунам баста шуд вале фишор идома дорад.
Иззат Амон мегӯяд, гумон мекунам, ин қазия сиёсӣ шудааст ва аз хонаи иҷоравӣ берун кардани Дилбар Гургова як намуд фишори мақомот ба у мебошад, то дар расонаӣ кардани мушкилотҳо худдорӣ намояд. ба гумони ғолиб маҳз иҷорадиҳандаи хона низ Дилбар Гурговаро зери фишори мақомот аз хона берун кардааст.