Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пули ангишт, муқоваи дафтар ва акси Исмоили Сомонӣ бо супориши “боло”

$
0
0

Ҷамъоварии пул аз хонандагон дар макотиби кишвар як амри маъмӯлӣ шудааст. Ҳар сол ба шумори “андозҳо” аз хонандагон қисми наве илова мешавад.

Пули парда, таъмир, ранг, ҳезум, ангишт, китоб, “взноспулӣ” ва ғайра кайҳо ба ҳукми анъана даромадаанд ва мардум ҳам ба он одат кардааст. Аммо сол то сол иштиҳои сардорони мактаб бузургтар мешавад ва тиҷорате наве ихтироъ мекунанд.

Дар мактаби рақами 13-и ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ҳам чанд ихтироъи наве кардаанд, ки даромади муаллимону роҳбари мактабро бештар кардааст. Хонандагони ин мактаб маҷбуранд ба 5 сомонӣ акси Исмоили Сомониро харидорӣ кунанд. Аммо бо он акс чӣ кор бояд кунанд, маълум нест. Роҳбари ин мактаб Шарафҷон Қодиров муқоваи нав ихтироъ кардааст, ки бинобар “инноватсионӣ” буданаш ҳар хонандаи ин мактаб як донагӣ барои ҳар дафтараш бояд бихарад. Яъне агар хонандаи синфи як 4 дафтар, синфи 6 10 дафтар ва синфи 11 15 дафтар доранд, ва ҳисоби миёнаи он 10 дафтар барои як хонанда аст, ҳар хонандаи ин мактаб бояд ба ивази 10 сомонӣ аз директори ихтирокор муқова харад. Маблағи умумии даромади Шарафҷон Қодиров аз ҳисоби муқова 5400 сомониро ташкил ва даромади софаш аз ин “тиҷорат” ҳади ақал 4500 сомонӣ аст.

Вале тиҷорати Қодиров бо муқова ва акси Исмоили Сомонӣ тамом намешавад. Ҳар хонандаи ин мактаб маҷбур аст 42 сомонӣ барои ангишт пардохт кунад. Бо ин маблағ ҳар синф соҳиби як тон ангишт мешавад, ки ҳадди ақал барои ду зимистон кофист, аммо он барои як зимистон ҷамъоварӣ карда мешавад ва имкони “бо сабаби дароз шудани зимистон” бори дигар ҷамъоварӣ шудани маблағ аз эҳтимол дур нест.

Китобҳо дар ин мактаб пурра ба иҷора дода мешаванд. Барои хонандагони синфи як маблағи иҷора 17 ва барои синфҳои болоӣ наздик ба 50 сомонӣ аст.

Чанде пеш муаллимон эълон карданд, ки барои кадом филме хонандагон бояд 5 сомонигӣ ҷамъ кунанд. Филм чӣ филме аст, ҳатто худи муаллимон намедонанд. Ба эътирози чанд нафар, ки барои чӣ онҳо бояд маҷбуран филм тамошо кунанд, ҷонишини  раҳбари мактаб Баҳриддин Одибоев посух додааст,

“ҳар касе эътироз дорад, эътирозашро ба боло барад, чунки ин корҳо ҳаммааш бо фармони боло мешавад.” Аммо он “боло” куҷост, номаълум боқӣ мондааст, чун дигар касе ҷуръат накардааст, номи он “боло”-ро пурсад.  

Ёдовар мешавем, ки дар кушодашавии ин мактаб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қайчияш ширкат карда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>