Абдуқодири Рустам, нависанда ва мунаққиди тавонои тоҷик дар як пости кӯтоҳи як ҷумлагӣ шарҳи хубе ба ҳунар ва аз ҷумла адабиёт нигошдааст. Ин шарҳи ӯро нависандаи чирадасти дигар Обид Шакурзода идомаи зебое додааст.
Абдуқодири Рустам менависад:
Ҳунар, аз ҷумла адабиёт, ҳинҷоргурезӣ, қолабшиканӣ ва хароб кардани девори табуҳо аст; ҳунарманд ва адиби тарсу, мулоҳизакор ва муқаллид наметавонад асари хуб, муассир ва мондагор эҷод кунад.
Обид Шакурзода дар зери ин пост нигоштааст:
Ва агар баройи адабийёт нанависад, яъне нигоштааш ҳовии марому ормонҳои инсонӣ ва фарогири томми забону хираду фарҳангу суннатҳои миллат набошад ва нобударо буд гӯяду бударо нобуда, ӯ ҳаргиз адиб (ё олим) нест, як каззоби риёкор асту асараш ҳам кизбномае чун бори лаънат ёдгори ин тинати аҳриманияш нахоҳад буд ва ин асар ҳатто дар зиндабудани нависандааш тӯшаи хокпартоҳо хоҳад шуд.