Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“10 ҳазор гурехт!” Фирори як ҷавон аз “облава” (Навор)

$
0
0

Як хонандаи “Паём” навореро фиристодааст, ки дида мешавад чӣ гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ ва пулис ҷавонеро боздошт карда, мехоҳанд ба мошин савор кунанд, аммо ба ҷавон муяссар мешавад аз дасти онҳо фирор кунад. 

Дар ин навори чандсониягӣ ҳамчунин дида мешавад чанд нафар вориди кашокаш бо кормандони комиссариати  ҳарбӣ мешавад ва ҷавонро аз дасти онҳо раҳо месозанд. Чанд нафари дигар, аз ҷумла як зан, машғули сабти ин кашокаш ба телефонҳои худ ҳастанд. Наворбардор шарҳ медиҳад, ки “облава, облаваро будаст”.

Вақте ҷавон аз дасти “облавачиҳо” фирор мекунад, яке мегӯяд, ки “10 ҳазор гурехт”. Зоҳиран ӯ ришваеро, ки одатан кормандони комиссариати ҳарбӣ барои раҳо кардани ҷавонони боздоштшуда мегиранд, дар назар дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи хабаргузории Авеста бо истинод ба сардори маркази матбуотии Вазорати дифоъ Ориф Низомиён, дар 10 рӯзи даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъват дар кишвар 45% иҷро шудааст.

Тибқи гуфтаи ӯ дар рӯзҳои аввали даъват нақшаи он дар Вилояти мухтори Бадахшон Кӯҳӣ барзиёд – 110% иҷро гардидааст.

Дар вилояти Суғд ду ноҳия  – Исфара ва Истаравшан тавонистаанд шумори банақшагирифташударо “облава” кунанд. Қаблан дар бораи роҳҳои маҷбурсозии ҷавонон ба химати ҳарбӣ Паём чанд мақола нашр карда буд. Яке аз ин роҳҳо боздошти волидони ҷавонон то аз муҳоҷират баргаштану ба сафи артиш пайвасатни онҳо, роҳи дигар манъи фурӯши билети ҳавопаймо ба ҷавонони синни даъват ва ғайра.

Дар вилотяи Хатлон нақшаи даъват 32% иҷро шудааст.

Дар шаҳру навоҳии Роғун, Сангвор, Лахш ва Нуробод ҳам нақша бомуваффақият ба анҷом расида, аммо “облава” шояд идома дорад. Одатан комиссариатҳои ҳарбӣ баъди иҷрои нақша ҳам ба “облава” идома медиҳанд, то буҷаи хонаводагиашонро пурратар созанд. 

Ҳамин тавр дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи “облава” 46% ва худи пойтахи 48% иҷро шудааст. Ин ниондиҳанда дар умум дар кишвар 45% аст. 

Гуфтанист даъвати тирамоҳӣ ва “облава” то 30 ноябр идома мекунад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>