Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҷоизаи иқтисодии Нобел ба се назарияпардози фақри ҷаҳонӣ эҳдо шуд

$
0
0

Академияи салтанатии улуми Шветсия рӯзи душанбе ҷоизаи Нобели иқтисод дар соли 2019-ро ба як завҷи ҳиндӣ-фаронсавӣ ва як иқтисоддони амрикоиасл эҳдо кард. 

Обиҷит Бонирҷӣ ва Астар Дофло аз Амрико ба ҳамроҳи Мишел Кример аз донишгоҳи Ҳорвард ба унвони барандагони ҷоизаи Нобели иқтисод дар соли 2019 муаррифӣ шуданд. 

Аъзои академияи салтанати улуми Шветсия ин се иқтисоддонро ба поси нақши қобили таваҷҷуҳи мутолиоти онҳо дар ёфтани авомили таъсиргузор бар коҳиши фақри ҷаҳонӣ шоистаи дарёфти ҷоизаи Нобели соли 2019 донистанд. Бар пояи эъломияи ин академия натоиҷи мутолиоти ин се иқтисоддон таъсири қобили мулоҳизае бар беҳбуд ва муваффақияти сиёсатҳои эъмол шуда барои коҳиши сатҳи фақр дар ҷаҳон доштааст. 

Бонирҷӣ, иқтисоддони амрикоии ҳиндиасл, мутаваллиди соли 1961 дар шаҳри Калкуттаи Ҳинд аст. Ў таҳсилоти худро дар ду донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неру ва Ҳорвард анҷом дода ва дар ҳоли ҳозир устоди муассисаи фанноварии Масачусет аст. 

Дигар барандаи ҷоизаи Нобели иқтисод, Астар Дофло, ки ҳамсари оқои Бонирҷи ҳам ҳаст, мутаваллиди соли 1972 дар шаҳри Париж аст. Ў таҳсилоти донишгоҳи худ дар риштаи иқтисодро аз мадрасаи иқтисодии Париж оғоз кард ва акнун устоди иқтисод аст. Хонум Дофло ҷавонтарин ва танҳо зани барандаи ҷоизаи Нобели иқтисод ба шумор меравад. 

Севумин барандаи ҷоизаи Нобели иқтисод, Мишел Кремер дар соли 1964 дар Амрико ба дунё омада ва таҳсилоти худро низ дар гароиши иқтисоди тавсеа дар донишгоҳи Ҳорворд ба поён расонда ва дар ҳоли ҳозир низ муҳаққиқ ва устоди ҳамин донишгоҳ аст. 

Мутолиоти барандагони соли 2019 ҷоизаи Нобели иқтисод таҳти таъсири дастовардҳои Омортиё Син, иқтисоддони шаҳири ҳиндӣ буда, ки дар соли 1998 ҷоизаи Нобели иқтисодро аз он худ карда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>