Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Арабистони саудӣ ва Русия бист тафоҳумнома ва қарордод имзоъ карданд

$
0
0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷараёни сафари расмӣ ба Риёз бо Малик Салмон подшоҳ ва Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони саудӣ дидор кард. 

Дар ҷараёни ин дидорҳо бист тафоҳумнома ва қарордод дар заминаҳои фазо, фарҳанг, беҳдошт, фановариҳои навин ва кишоварзӣ миёни ду тараф имзо шуд ва раҳбарони Русия ва Арабистони саудӣ барои сармоягузориҳое ба арзиши чандин миллиард доллар тавофуқ карданд. 

Муҳиммтарин ҳавзаи музокироти ду тараф, тафоҳум дар бозори нафт буд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса имзои тавофуқи мавсум ба “ОПЭК палас”, марҳалаи ниҳоии ҳамкорӣ миёни 14 узви ОПЭК ва 10 кишвари содиркунандаи нафти ғайри ОПЭКОПЭК буд. Шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон, вазири нафти Арабистони саудӣ гуфт ин тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни ду тараф барои субот дар бозори нафтро тақвият мекунад. ОПЭК ва кишварҳои содиркунандаи нафти хориҷ аз ОПЭК дар моҳҳои гузашта барои коҳиши ҳаҷми тавлид то марти соли 2020 ба манзури ҷилавгирӣ аз суқути бештар қимати нафт ба тавофуқ расида буданд. 

Дмитрии Песков, сухангӯи кохи Кремл эълом кард, ки ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ ҳам бахше аз музокироти миёни раисҷумҳури Русия ва Арабистони саудӣ будааст ва гуфтугӯҳо дар ин замина идома хоҳад ёфт. 

Риёзу Маскав дар соли 2017 пешқарордоде барои интиқоли сомонаи дифоъи мушакии С-400 имзоъ карданд. Бо ин ҳол Арабистони саудӣ муддате баъд тасмим гирифт то ниёзбахши падофанди мушакии худро бо хариди системҳои амрикоӣ ва ба вижаи сомонаи потриёт таъмин кунад. 

Муттаҳидони суннатии Иёлот муттаҳида дар ҳошияи ҷануби Халиҷ Форс нисбат ба тағйири рӯйкарди давлати Доналд Трамп нисбат ба Ховари миёна нигарон ҳастанд. Сафари Владимир Путин ба Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ, гумонзаниҳо дар бораи нақшофаринии Русия дар минтақаро дучандон кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>