Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дубай чи қадар аз ЭКСПО-2020 суд мебарад?

$
0
0

Интизор меравад ЭКСПО-2020 Дубай, ки соли баъд кушоиш хоҳад ёфт битавонад 12 миллион боздидкунанда дошта бошад ва рақами ҳудуди 30 миллиард евро ба иқтисоди Аморот кӯмак кунад. Ҳудуди 190 кишвар дар ин рӯйдоди 6 моҳа ширкат хоҳанд дошт ва 80 кишвар низ худашон ғурфаҳои худро дар ин маҷмӯъа тарроҳӣ ва бино мекунанд. 

Сохтани гунбади шаффоф барои ҳама 

Ахиран ва пас аз чанд соли сохтусоз, 800 тими созанда барои маъмурияти хосе гирди ҳам омаданд, яъне барои савор кардани гунбади азими ин маҷмӯъа, ки бинои аслии ЭКСПО- 2020 хоҳад буд, гунбаде бо 130 метр паҳно ва 67 метр баландӣ. 

Гарчи тарҳи ин гунбади азим, ки беш аз 700 ҳазор метри мукааб ҳаҷм дорад, ҷасурона аст, аммо идеяи сохти он мулҳам аз зиндагии рӯзмара аст. 

Гурдун Ҷил, меъмори амрикоӣ дар бораи фазои зери гунбади ин проект мегӯяд: “Ҳангоми ироаи тарҳи пружа, инҷоро ба унвони фазои умумии намоишгоҳ таъриф кардем. Дар назар гирифтани як боғ, дохили фазое бо ин абъод, бисёр хос ва нодир аст. Ин фазои таҷрибаӣ 360 дараҷа дорад, чаро ки гунбад то ҳудуде шаффоф аст, чун аз файберглас сохта шуда ва нур аз он убур мекунад, нуктае, ки танҳо аст. Фанноварии ин тарҳ, хосс аст ва чунин коре, пеш аз ин ҷое анҷом нашудааст.” 

Дубай чи қадар аз ЭКСПО- 2020 суд мебарад? 

Пружаи сохт то кунун бо будҷаи пешбини шуда, яъне 6.2 миллиард евро мувофиқат кардааст ва бо он ки бархе шаҳрҳо ҳанӯз аз мазояди баландмуддати чунин намоишгоҳҳое баҳраманд нашудаанд, Дубай умедвор аст, ки истисно бошад. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки ин намоишгоҳ битавонад тавлиди нохолиси дохилии Аморотро 1.5 дарсад афзоиш диҳад. 

Шон Вурстар аз дафтари мушовираи молии “Арнест Андиан Г” мегӯяд: “мо барои 25 миллион боздид барнома дорем. Ин теъдод яъне тамоми ҷамъияти кишваре монанди Австралия дар як давраи шаш моҳа аз як макон боздид кунад. Интизори мо то ин ҳадд баландпарвозона аст.” 

Кишвари ширкаткунанда умедвор ба тавсеаи содирот дар худи Дубай ҳам ҳастанд. Барои мисол намояндаи Ню Зеланд гуфтааст “Аморот на фақат барои маҳсулоте, ки ин ҷо мефурӯшем балки барои содиротамон ба шимоли Африқо ва Осиёи Миёна ва Аврупо аҳамияте дорад. Бинобарин рушд ва тавсеааш бароямон воқеан муҳимм аст.” 

Мероси намоишгоҳи 2020 аз ибтидо дар ин пружа буда ва барои истифода аз фазои намоишгоҳ пас аз баргузорӣ, барномарезӣ шуда, қарор аст 80 дарсад аз ин бино ба шаҳраки ҳунарии 2020 табдил шавад. 

Холид Шараф, мудири равобити тиҷории ЭКСПО – 2020 мегӯяд: “он чи месозем дар воқеъ маҷмӯае аст барои мизбонии як рӯйдоди муҳим. Аммо баъд аз баргузории намоишгоҳ, ин маҷмӯъа ба шакли фазое дар меояд барои мизбони стартапҳо ва ширкатҳои кӯчаку бузург то навъе фазои шабеҳи Водии селикун бисозад.” 

Ин намоишгоҳ дар як минтақаи озоди тиҷорӣ сохта шудааст, то ҳузур ва фаъолияти ширкатҳои хориҷиро осон кунад. 

Дубай бо тамоми тавон талош дорад то сохти маҷмӯаи намоишгоҳи 2020 тамом шавад, дар ҳоле ки ҳамзамон мехоҳад дар ростои тавсеаи пойдор ҳаракат кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>