Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Фаронса озодии баён дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

$
0
0

Дар шаҳри Бордои Фаронса Конфронси байналмилалӣ бо унвони Озодии баён дар Тоҷикистон ва гурӯҳи расонаҳои Озодагон бо ибтикори клуби сиёсатмадорони  Фаронса баргузор шуд.

Зафар Суфӣ, шоир, рӯзноманигор ва мудири кулли расонаҳои Озодагон дар сӯҳбат бо мо гуфт, нишаст хеле хуб гузашт ва дар он беш аз сад нафар коршиносони риштаи сиёсат ва донишҷӯёну сиёсатмадорони оянда ҳузур доштанду пас аз суханронии мо пурсишҳои ҷолибе матраҳ карданд.

Мудири кулли расонаҳои Озодагон мегӯяд, пас аз чанд сол ба муҳите ошно баргаштам ва ҳарчанд аксари аҳли толор ношинос буданд, самимият ва меҳрубонияшон диламро гарм кард. Гузашта аз ин сухан аз мавзуъе барои ман хеле азиз ва ошно, аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистони азиз ва сарнавишти Озодагон буд. 

Зафар Суфӣ афзуд, ки дар рафти сӯҳбаташ аз вазъи асафбори озодии баён ва ҳуқуқи инсон ва додгоҳҳои фармоишии пушти дарҳои баста, аз қазияи Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳайит ва баста шудани «Нигоҳ»-у «Тоҷнюс» сухан кардааст.

Зафар Суфӣ бо изҳори умедворӣ мегӯяд, аз ин гуна конфронсҳо  дар соири нукоти Урупо баргузор хохад кард. 

Ӯ бо таъкид гуфт: “Онҳое, ки бо фитнаҳо мехостанд моро бишкананд, мутмаин бошанд, ба кумаки Худованд мо ҳамчунон сари пои худ хоҳем буд ва аз ҳам нахоҳем пошид. Озодагонро намешавад барои ҳамеша муҳр бар лаб зад. Мо умедворем, ки ҳарчи зудтар кишврамон аз диктотура озод мешавад. Бо ин умед муборизаи худамонро барои озодиву ҳуқуқбунёди кишвар идома хоҳем дод.

Суҳбати мо бо Зафар Суфӣ дар барномаи хабарӣ таҳлилии Паёмнюз пахш хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>