Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Асъор ва иқтисод 15.10.2019

$
0
0

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 15 уми октябр  қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ 

1 доллари ИМА баробари  9 сомониву 69 дирам

1 евро баробари 10 сомониву 69 дирам

1 рубли русӣ баробари 15 дирам муаян кард.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши нақдии 1 доллари ИМА  то 9 сомониву 70 дирам

1 евро то 10 сомониву 80 дирам

10 рубли русӣ 15 сомонӣ то 15 сомониву 30 дирам дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон муқаррар шудааст:

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Аммо дар ҳеҷ куҷои дунё пеши роҳи бозори сиёҳи асъорро касе гирифта натавонистааст. Маҳдудияти бесобиқаи муомилоти асъор дар Тоҷикистон соҳибкоронро маҷбур месозад, ки ҳатман бо истифода аз бозори сиёҳ, ниёзи худ ба асъори хориҷиро бартараф созанд. 

Айни ҳол  тибқи манобеи Радиои Паём 1000 рубли русӣ дар бозорҳои сиёҳи вилояти Суғд дар ивази 158- 160 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Корбарони Паём аз бозори саховати шаҳри Душанбе гуфтанд, 100 долларо дар ивази 980 сомонӣ харидаанд. Муомила бо эвро дар бозори сиёҳи Тоҷикистон хеле кам ба назар мерасд.

****

Нархи нафт дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон дирӯз нисбати охири ҳафтаи  гузашта каме гарон шуда буд. 

Аммо имрӯз боз коҳиши нарх ба қайд гирифта шуд. Нархи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 59 доллару 35 сент муъомила шуд.

Ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 53 доллару 59 сент муъомила шуд.

***

Арзиши ҳар унс тилло дар муъомилоти миёнбонкии Лондон1490 доллару 60 сент муъомила шуд.

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1352,12 ва фунти инглис 1182, 94  муъомила шуд.

Тибқи маълумот аз пойгоҳи Goldnp.com нархи тиллоро мониторинг мекунад, арзоншавии тилло дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад.  1 унс тилло дар Тоҷикистон 1489 доллари Амрикоӣ муаян шудааст, ки нисбат ба нархи муомилоти миёнбонкии Лондон 1 доллар арзонтар мебошад.

Арзиши тилло дар биржаи металлҳои Лондон ҳар рӯз ду маротиба, дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич муқаррар карда мешавад. Аммо нархи воқеӣ вобаста ба омили инсонӣ метавонад ё камтар ё бештар бошад.

*****

Дар тули 25 соли охир, бо вуҷуди ҳудуди 6 миллиард доллар қарзу кумакҳои бебозгашт ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, авзои иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунон буҳронӣ боқи мондааст.

Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмиллалии пул, Бонки рушд ва Бозсозии Аврупо, Бонки Рушди Осиё ва Бонки рушди исломӣ аз ҷумла ниҳодҳое ҳастанд,ки дар 25 соли ахир барои беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон ба ин кишвар кумакҳое кардаанд, вале бо ин ҳол ҳануз зиёда 30 дар сад ҷамъияти ин кишвар зери хати фақр қарор дорад.

Коршиносон мегӯянд, вобастагии иқтисоди ин кишвар ба даромади муҳоҷирони корӣ аз хориҷ, қарор гирифтан дар бунбасти иртиботӣ, авзои нобасомони амниятии Афғонистони ҳамсоя, набуди эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ба бозгашти манобеи молии худ ва мудирияти нокоромади давлатӣ аз ҷумла авомиле аст, ки монеи рушд ва пешрафти Тоҷикистон мешавад.

Гуфта мешавад,  50 дарсади кумакҳои молии хориҷӣ барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти идороти давлатии Тоҷикистон ҳазина мешавад ва назорат бар раванди истифода аз ин манбаъҳо ба далели сохтори печидаи мудириятии ин кишвар амалан ғайри мумкин аст.

Ба бовари коршинсоон ба марказҳои саломатии Тоҷикистон кумакҳои молии байналмиллалии зиёде ихтисос дода мешавад, ки ҳамроҳ бо омӯзиши кормандон ва насби таҷҳизоти нав дар марказҳои дармонӣ аст, вале бо итмоми манобеи молии хориҷӣ тамоми фаолиятҳо қатъ мешавад ва ҳамаи чиз ба ҷои авалаи худаш бармегардад. Ин дар ҳоле аст, ки ин марказҳо бояд бо истифода аз ин кумакҳо ба худкифоӣ мерасиданд ва тавони хидматрасонӣ ва пардохти маоши кормандони худро меёфтанд.

Напазируфтани пешниҳодҳои ниҳодҳои молии байналмиллалиро барои ислоҳ ва шафофсози амалкарди молии идораҳои давлатӣ яке аз дигар монеаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон дониста шудааст.

****

Муҳоҷирони кории тоҷик давоми  7 соли ахир аз Русия ба кишвар 21 миллиарду 200 миллион доллар  маблағ ирсол кардаанд, ки бештар аз ҳаҷми будҷаи солиёнаи ҳукумат будааст.

Интизор меравад дар соли ҷорӣ низ муҳоҷирони корӣ аз Русия беш аз 2 миллиард доллар маблағ ирсол кунанд.

Дар ин миён муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон 4 миллиарду 100 миллион доллар маблағ  ирсол карданд, ки болотарин мизони даромади молии муҳоҷирон дар тули 7 соли охир ба ҳисоб меояд ва дар соли 2016 ба далели буҳрони молӣ дар Русия ин маблағ ба як миллиарду 100 миллион доллар коҳиш ёфт, ки камтарин шохис маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин омор бо маблағи 21 миллиард ва 200 миллион доллар даромади муҳоҷирони тоҷик аз Русия таи 7 соли ахир мешуд, ки 5 нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сохт. 

*****



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>