Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Наздик ба 700 ҷарроҳӣ дар Маркази пайвандсозии узвҳо

$
0
0

Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 644 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 41 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ки соли 2011 таъсис ёфтааст, то имрӯз 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳояшонро гузаронидаанд. Аз ин шумора 29  нафар аз Озарбойҷон, 41 нафар аз Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқӣ аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Тавре дар иттилоия омадааст,  то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол бино ба маълумотҳои расонаишуда, Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки узвҳои инсон мисли дилу ҷигар ва гурда, бо нархи нисбатан арзон дастрас аст. Гуфта мешавад, як гурӯҳи махсусе, ки такягоҳаш Оила аст, бо хариду фурӯши узвҳои инсон машғул аст. Ба хотири мушкил будани қочоқи узви инсон ба кишварҳои дигар, амалиёти имплантатсия дар дохили Тоҷикистон гузаронида мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>