Давлаталӣ Саид, Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфта, ки Душанбе омодаи тақвияти муносибатҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Чин аст.
Давлаталӣ Саид дар дидор бо Ҳу Чунҳуа, муовини нахуствазири Чин дар Пекин гуфт, Душанбе барои тавсеаи муносибот бо Чин аҳамияти зиёде қоил буда, омодаи тақвияти муносибати тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба бо ин кишвар аст.
Муовини нахуствазири Чин ҳам дар ин дидор гуфт, Чин ва Тоҷикистон қасд доранд мувофиқатҳои муҳими ба дастомада дар дидори сарони 2 кишварро иҷро ва мубодилоти тиҷориро тақвият кунанд ва ҳамкорӣ дар чорчӯби тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” – ро амалӣ кунанд.
Дар солҳои ахир ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиши зиёде ёфта ва бештарин қарзи хориҷии ин ду кишвар аз Чин аст.