Фардо, 17 октябр Муҳиддин Кабирӣ раҳбари Паймони Милии Тоҷикистон (ПМТ) дар пахши мустақим ба гуфтугӯ навбатиаш бо хоҳад пардохт. Дар ин бора дафтари матбуотии ПМТ хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, қарор аст Кабирӣ дар бораи қарори ахири Додгоҳи Олии Тоҷикистон мабнӣ бар “террористӣ-экстремистӣ” эълон шудани ПМТ сӯҳбат ва мавзеи Паймони Миллӣ дар хусуси ин қарори ғайриқонуниро баён намояд.
Ҳамчунин раҳбари Паймони миллӣ ба пурсиши шаҳрвандон низ дар ин барнома посух хоҳад дод.
Замони гуфтугӯ: панҷшанбе, 17 октябри соли 2019,
соати 16:00 ба вақти Аврупо
соати 19:00 ба вақти Душанбе
соати 17:00 ба вақти Маскав эълон шудааст.
Сӯҳбати мустақими Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои ютубӣ ва фейсбукии Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин радиои Паём пахш мешавад.