Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кастаи тоҷикӣ. Зинаҳои чаҳоруму панҷум

$
0
0

Дар ду бахши аввали мақола мо дар бораи чаҳор зинаи кастаи тоҷикӣ – аз зинаи олӣ, ки ба он хонаводаи “пешво” ворид мешавад то зинаи саввум гуфтем. Дар қисмати аввал ба ҷуз зинаи олӣ инчунин зинаи аввалро, ки ба он хешовандони “пешво”, ки бештар мансабҳои Тоҷикистонро инҳисор кардаанд, баррасӣ кардем.

Дар қисмати сонӣ аз зинаҳои дуввуму саввум, ки ба онҳо мутаносибан вазирони “бегона”, вакилони парлумон, раисону раҳбарони сохторҳои қудратӣ дар вилояту ноҳияҳо ва кормандони мақомоти қудративу мансабдорони хурд шомил мешаванд, маълумот додем.

Кастаи чаҳорум: соҳибкорон ва хабаркашу тамаллуқгарон

Албатта дар як зина қарор додани соҳибкорон бо хабаркашу тамаллуқгаронро аввалиҳо метавонанд чун таҳқир ба худашон қабул кунанд, аммо мавзӯъи баҳси мо ҳуқуқу салоҳиятҳо аст ва чун ҳуқуқу салоҳиятҳои онҳо ба ҳам наздик аст, ҷудо кардани онҳо аз ҳамдигар ба ду каста имкон надорад.

Аслан ин се гурӯҳ фарқи чандоне аз беҳуқуқтарин каста – мардуми оддӣ надоранд. Ҳар се узви ин гурӯҳ чизи хосе доранд, ки ба онҳо имкон медиҳад аз ҳуқуқи дар қонун будаашон қисматеро соҳибӣ кунанд: 

1. Соҳибкорон бо пардохти пул ба ҳама зинаҳои кастаҳо болоӣ. Бидуни ҳеҷ муболиғае, ҳар соҳибкор дар Тоҷикистон он қадар ришва медиҳад, ки аз боҷу андозҳои пардохтмекардааш бештар аст. Сар аз раисҷумҳур, ки ба соҳибкорон амр мекунанд роҳу мактаб созаду “дар ободонии кишвар саҳм гирад”, то оддитарин корманди масалан Кумитаи андоз аз соҳибкро ришва меситонанд, то ӯ тавонад ҳуқуқи конститутсиониаш – машғул будан ба тиҷоратро амалӣ созад. Соҳибкор ҳамчунин бо пардохти ришва ба мақомоти гуногун бархе дигар аз ҳуқуқҳояшро соҳибӣ мекунад: бо ришва додан ба раҳбари мактаб пӯшидани рӯймоли духтараш, ё ба корманди Кумитаи дин даъвати бештари меҳмонҳо ба маъракааш ва ғайра. 

Соҳибкор ҳамчунин вобаста аз ҳаҷми даромадаш метавонад ба баъзе салоҳиятҳои фароқонунӣ соҳиб шавад. Масалан фарзандашро аз хизмати ҳарбӣ бихарад ё вақте ҷинояти кӯчаке содир кард бо пардохти ришва аз ҷавобгарӣ наҷот ёбад. 

2. Хабаркашҳо бо тор танидан байни мардуму мақомот ва расонидани бетанаффуси маълумот. Хабаркашӣ ба онҳо имкон медиҳад бо баъзе аз мақомдорон “дӯст” бошанд (худашон чунин фикр мекунанд) ва баъзе аз ҳуқуқҳояшонро соҳиб шаванд. Барои мисол агар мақоме хост онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад, амволашонро ғасб кунад, ришва пурсад ва ғайра, онҳо ба “криша”-ашон, яъне ҳамон мақоме, ки барояш хабаркашӣ мекунанд муроҷиат менамоянд ва мушкилро ҳал месозанд. Бо фарқ аз соҳибкорону таммаллуқгарон, хабаркашҳо кам-кам ҳақи зулм болои мардумро ҳам доранд, ки бештар ба тарси мардум аз тӯҳмати онҳо бастагӣ дорад. 

3. Тамаллуқгарон бо забони васфу ситоиш кушодан бо дидани ҳар мақомдоре. Мақомдорон дар Тоҷикистон, сар аз “Пешво” то раиси маҳаллаву корманди оддии мақомот тамаллуқро хеле дӯст медоранд. Аз ин рӯ бозори тамаллуқгарон гарм аст. Онҳо бо истифода аз ҳунари “лесидан” ҳамон “ҳуқуқу салоҳиятҳо”-еро соҳиб мешаванд, ки хабаркашҳо доранд. 

Ин “ҳуқуқу салоҳиятҳои” аъзои ин каста пурра ба ҳамон доштаву “ҳунар”-ашон, яъне пул, хабаркашӣ ва тамаллуқ аст, ки дар сурати муфлис шудани соҳибкор ё нолозим шудани хабару тамаллуқ, пурра бардошта мешавад. 

Кастаи поёнтарин: мардум

Беҳуқуқтарин ва сершумортарин каста ҳамин кастаи поёнтарин ё панҷум аст. Албатта тибқи қонун аъзои ин каста, ки 80 дарсади шумори умумиро ташкил медиҳад, ҳуқуқҳои зиёде сар аз ҳақи доштани моликияту дахлнопазирии манзил то ҳуқуқи интихоб кардани вакил ва ҳатто раисҷумҳурро дорад. Аммо то замоне, ки ин ҳуқуқаш ба кадоме аз намонядагони кастаҳои болоӣ, ба хусус то кастаи дуввум лозим шуд. Дар ин ҳолат ҳақи ӯ бидуни ҳеҷ истиҳолае забт карда мешавад ва дар сурати эътироз аз ҳақи озодӣ ҳам маҳрум мегардад. 

Ғасби ҳуқуқҳои аъзои кастаи поёнтарин аз тарафи аъзои кастаҳои болоӣ ҳеҷ ҷавобгарие дар пай надорад. Мешавад хонаву амволи ӯро гирифт, писарашро дар артиш кушт, духтарашро таҷовуз кард, худашро шиканҷаву таҳдиду таҳқир кард, ҳар вақте ба буҷа и маҳаллӣ ё марказӣ пул лозим шуд ҷаримааш кард, масҷидашро хароб сохт, динашро маҳдуд намуд, фарзандони мактабхонашро маҷбур ба кори бепул намуд, барои ҳар хидматрасонии бепули давлатӣ пулашро гирифт, бегуноҳ зиндон кард, дар зиндон кушта узвҳои даруниашро фурӯхт ва ғайра. Барои ин корҳо касе аз аъзои кастаҳои болӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои ёфтани мисол дилхоҳ расонаи озодро бз кунед. 

Аъзои ин каста ҳақи кор дар ҳеҷ мақомоти давлатиро надоранд, ҳатто агар варзидатарин мутахассис бошанд. Ягона роҳи ба кор истодан дар дилхоҳ мақоми давлатӣ пардохти ришва аст. Яъне аъзои кастаи поён метавонанд бо пардохти ришва ба кастаи болоӣ роҳ пайдо кунанд. Аммо аввал бояд пеш аз ҳама ҳамон маблағи ришваро, ки кам нест, бояд пайдо кунанд. 

Ин гурӯҳ ҳақи ҳатто кор кардан дар ватанашонро надоранд ва маҷбуранд барои дарёфти кор ба хориҷ сафар кунанд. 80 дарсади нерӯи қобили кори ин каста дар хориҷ кор мекунад ва ба кишвар маблағи бештар аз буҷаи он ё баробар ба ними ММД-ро ирсол мекунад. Бидуни ин маблағ иқтисоди кишвар дар як сол фурӯ мерезад. Яъне аъзои ин каста на танҳо хонаводаҳои худ, балки кулли рифоҳу боигарии аъзои кастаҳои болоиро таъмин месозад. Дар ҳамин ҳол, ҳамин сафар ба хориҷ барои ёфтани кор ҳам ҳақи собити аъзои ин каста нест. Онҳо дар сурати писанд набудан ба кадоме аз аъзои кастаҳои болоӣ метавонанд аз ҳақи сафар ба хориф ҳам маҳрум шаванд. То сад соли пеш ба ин гурӯҳи инсонҳо “ғулом” гуфта мешуд. 

Аъзои кастаи поёнтарин ягона ҳуқуқе доранд, ки касе, ҳатто “Пешво” наметавонад ӣа он дастдарозӣ кунад: онҳо ҳақ доранд бе иҷоза гирифтан аз касе… бимиранд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>