Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Амалиёти сайберии Амрико алайҳи Эрон дар пайи ҳамлаи ба таъсисоти нафти Арабистон

$
0
0

Хабаргузории Рейтерз дар хабари ихтисосӣ ба нақл аз мақомоти Амрико гузориш додааст, ки ин кишвар дар пайи ҳамалот ба таъсисоти нафти Арабистон дар моҳи гузашта, як амалиёти сайберии махфиёнаро алайҳи Эрон иҷро кардааст. 

Таъсисоти нафти Aromko-и Арабистон дар 14 сентябр ҳадаф гирифта шуд. Шӯришёни ҳусӣ дар Яман масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд, аммо Амрико ва Арабистони саудӣ Эронро масъули ин ҳамла қаламдод карданд. 

Ду мақоми расмии Амрико, ки нахостанд номшон фош шавад ба хабаргузории Рейтерз гуфтаанд амалиёти сайберӣ дар авохири сентябр анҷом шудааст ва ҳадаф он бар тавоноии Эрон дар пахши таблиғоти мутамаркиз будааст. Яке аз мақомоти Иёлоти муттаҳида гуфтааст ин ҳамла бахши сахтафзориро таҳти таъсир қарор додааст. Вай тавзеҳоти бештаре дар ин робита надодааст. 

Вазорати дифоъи Амрико аз тавзеҳ дар бораи хабари мунташира дар бора ҳамлаи сайберӣ худдорӣ кардааст. Як сухангӯи Пентагон танҳо ба ин ҷумла басанда кард, ки “бино бар мулоҳизоти амниятӣ мо дар бораи амалиёт, иттилоот ё барномарезии сайберӣ изҳори назар намекунем.” 

Дар пайи ҳамла ба таъсисоти нафти Aromko, ки боиси қатъи 5 дарсад аз ҷараёни тавлиди нафти ҷаҳон шуд, Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Арабистон ба таври расмӣ Эронро масъул донистанд, иттиҳоме, ки Эрон онро такзиб кард. 

Ба назар мерасад давлати Доналд Трамп бо ин ҳамлаи сайберӣ эҳтимоли талош доштааст то бо иқдомот ба истилоҳи таҳоҷуми Эрон бархӯрд кунад, бидуни ин ки даргири низоъи густурдатар шавад. 

 Эрон дар моҳҳои ахир талош кардааст то ҳамалоти сайберӣ мушобеҳиро алайҳи Амрико тартиб диҳад. Моҳ ҷорӣ як гурӯҳи ҳакре, ки ба назар мерасад муртабит бо давлати Эрон будаанд талош карданд ҳисобҳои омили муртабит бо кампини интихоботи Доналд Трампро ҳак кунанд. 

Дар ҳамин росто ва тайи моҳҳои август ва сентябр гурӯҳе, ки ширкати Майкрософти ононро “фосфорӣ” мехонд 2700 бор талош кард то ҳисоби муштарёни ин ширкатро шиносоӣ кунад ва пас аз он ба 241 ҳисоб низ ҳамла кард. 

Ба гузориши Рейтерз, гумон меравад Эрон яке аз бозигарони аслӣ дар пахши ахбори ҷаълӣ аст. Ин хабаргузорӣ соли гузашта бо интишори натиҷаи таҳқиқе, ки анҷом дода буд иддао кард, ки Эрон бо беш аз 70 веб-сайт ва дар ростои манофеъ ҳокимият барои 15 кишвар таблиғот ва матолиб ва хабар мунташир мекунад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>