Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Парлумон қонуни афвро тасвиб кард

$
0
0

Тибқи қонуни нави афв, онҳое, ки бо иттиҳоми гузоштани “лайк” дар зери маводҳои мамнӯъ зиндонӣ шудаанд, афв мешаванд. Аз соли 2010 ба ин тараф садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ин иттиҳом равонаи зиндонҳо шудаанд.

Тарҳи “Қонуни афв” рӯзи 16-уми октябр аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон пешниҳод шуд ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 24-уми октябри худ баъд аз баҳсу баррасӣ, бо иттифоқи оро онро қабул кард. Ин тарҳ аз сӯи Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон муаррифӣ шуд.

Бахтовар Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр зимни баррасии ин тарҳ дар порлумон гуфт, ки фарқияти қонуни афви феълӣ аз қонунҳои қаблӣ ин аст, ки онҳое “гумроҳ” шудаанд ва дар зери маводҳои дорои вижагии террористӣ “лайк” гузоштаад, афв хоҳанд шуд. Ин вакили порлумони Тоҷикистон шумораи ин қабил зиндониёнро 500 нафар гуфт.

Аксарияи ин афрод, бар асоси модаи модаи 307, қисми се, “иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ…. ки нисбати онҳо аз ҷониби додгоҳ қарор содир шудааст ва инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои интернет…”, равонаи зиндон шудаанд. Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 5 то 8 сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Аксарияти ҷазоҳои марбут ба интернет аз соли 2010 ба ин тараф вориди Кодекси ҷиноӣ шуданд, ки ҳар корбари интернетро дар як они воҳид метавонад ба ҷинояткор табдил диҳад. Як “лайк”, “класс” ва ё паҳн кардани матлаби марбут ба ин моддаҳо кофист, ки корбари интернет ҷинояткор эътироф шавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, солҳои охир бандҳои Кодекси ҷиноӣ сахттар шуда, бисёре аз ҷавонон танҳо ба хотири пахши тугмаи “лайк” ва ё “класс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ифротгароӣ ва ё ҷонибдорӣ аз он гунаҳкор ва зиндонӣ шудаанд.

Аз ҷумла дар Тоҷикистон соли 2016 ба Кодекси ҷиноӣ мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.

Юсуф Раҳмон: Қонуни афв 20 ҳазор нафарро дар бар мегирад”

Додситони кулли Тоҷикистон Раҳмон Юсуф рӯзи 25-уми октябр дар назди вакилон гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз “Қонуни афв”, ин ба ҳаёти осоишта баргардонидани зиндониён мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисобҳои тахминӣ афви кунинӣ ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, 4 ҳазору 500 нафар, ки ба корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои ғайризиндонӣ маҳкум шуда буданд, афв мешаванд. Ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳам аз зиндонҳо озод мешаванд ва аз ҷумла, аз 300 зани зиндонӣ, 165 тани онҳо ба озодӣ мебароянд. Ӯ ҳамчунин гуфт, занҳое, ки то 12 сол дар зиндон буданд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонун, озод хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошат, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқиқри намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд. Додситони кулл гуфт, татбиқи афв доғи судиро аз номи шахс намебардорад ва ӯро аз ҷуброни зарари расондааш озод намекунад.

Хабар такмил мешавад

“Озодӣ”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles