Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Коҳиши тадриҷи қудрати ОПЕК дар бозорҳои ҷаҳонӣ

$
0
0

Қудрати Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба думболи адами муваффақият дар коҳиши мизони арзаи нафт ва ҷудоии шуморе аз аъзои он ба тадриҷ коҳиш ёфта, ба гунае, ки бархе коршиносон мӯътақиданд ин Созмон дар оянда наздик лағв мешавад. 

OPEC тайи 3 соли гузашта натавонист бо коҳиши мизони арза, қимати ҷаҳонии нафтро коҳиш диҳад. Аз сӯи дигар Қатар низ имсол аз узвият дар ин Созмон хориҷ шуд. Эквадор низ хостори хурӯҷ аз он дар соли оянда шудааст. 

Хурӯҷи Индонезия, Қатар ва Эквадор аз OPEC, адами содироти нафт аз сӯи Эрон ба далели эъмоли таҳрим тавассути Иёлоти муттаҳидаи Амрико, нузули тавлиди нафти хоми Венесуело ва тавофуқи коҳиши тавлиди нафт бо Русия боиси коҳиши саҳми 14 кишвари узви OPEC дар бозори ҷаҳонӣ то 29 дарсад шудааст. 

Созмони OPEC дар соли 1960 бо ҳадафи афзоиши қимати ҷаҳонии нафт ва ташкили блоке дар муқобили ширкатҳои байналмилалии нафтӣ тавассути Арабистони саудӣ, Ироқ, Қувает, Эрон ва Венесуело оғоз ба кор кард. Тайи солҳои 1962 то 1975 кишварҳои бузурги тавлидкунандаи нафт – Қатар, Амороти муттаҳида арабӣ, Индонезия, Либия, Нигерия, Алҷазоир ва Эквадор ба он мулҳақ шуданд. 

Бо афзоиши шумори аъзо саҳми OPEC дар бозори  ҷаҳонии нафт дар даҳаи 70-и мелодӣ то 70 дарсад афзоиш ёфт. OPEC ҳамчунин контроли мизони арзаи ҷаҳонии нафт ва қимати онро дар даст гирифт. 

Муҳаммад Боркинду, дабири кулли Созмони OPEC боиси пешравии узвияти Эквадор дар соли 2017 ва ҷумҳури Конго дар соли 2018 шуд. Ў ҳамчунин ба бозгашти Гобун, ки тайи солҳои 1975 то 1995 узв буд ба OPEC дар соли 2016 кумак кард. 

Аз сӯи дигар Эквадор, ки дар соли 1973 узви OPEC  шуд ҷиҳати афзоиши тавлид дар соли 1992 аз он хориҷ шуд. Ин кишвар дар соли 2007 муҷаддадан ба узвияти OPEC даромад, аммо акнун бо ишора ба зарари иқтисодии воридомада ба ин кишвар бо тасмимоти ахири OPEC эълом кард, ки аввали январи 2020 аз он хориҷ хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>