Як донишҷӯ аз ноҳияи Рашт дар тамос бо Паём гуфт, ӯ ва ҳамсабақонашро дар Донишкадаи омӯзгории Рашт донишҷӯ гуфтан ба воқеият рост намеояд. Зеро дар як соли таҳсил ҷамъулҷамъ се ё чор моҳ таҳсил мекунанду халос. Боқии умри донишҷӯияшон дар картошкағундорию меваҷамъкунӣ, кор дар кони ангишту ҳавлию дари устодони донишкада, кормандони мақомоти интизомӣ, ҳукумати ноҳия ва ғайра сипарӣ мешавад.
Ин донишҷӯ, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, маъмурияти донишгоҳ ба ҷои сафарбар намудани донишҷӯён ба конфронсҳои илмӣ ва фиристодан ба идораҳои таълимӣ барои таҷриба, ҳатто дар рӯзҳои таътил маҷбур мекунанд, ки ба ҷои муайянкардаи маъмурият бо либоси корӣ ҳозир шаванд.
Бино ба гуфтаи ин донишҷӯ чанд донишҷӯеро, ки ба ҷои кори иҷборӣ ҳозир нашудаанд, маъмурияти донишкада на фақат аз донишкада ихроҷ кардааст, балки кормандони коммисариати ҳарбиро даъват намуда, ба дасти бо истилоҳ облавачиҳо супорида гуфтааст, инҳо минбаъд донишҷӯ нестанд, баредашон хидмат кунанд.
Мо ба хотири тасдиқи ин гуфтаҳои боло кӯшиш кардем нафареро пайдо кунем, ки дар ин бора ба мо маълумот диҳад. Ниҳоят як донишҷӯи дигар, ки ба хотири амнияти шахсияш аз ӯ ном намебарем, ҳама маълумоти болоро тасдиқ кард. Аммо ӯ гуфт, ончи ба Паём расидааст, аз дарё як қатра аст. Худи ҳамин ҳафта маъмурияти донишкада онҳоро барои кандани хати ҷуйбори об барои Осоишгоҳи Вазорати Корҳои Дохилӣ дар ноҳияи Рашт бурдаанд. Донишҷӯён ба ҷои дарс тӯли чанд рӯз барои кандани хати обгузар дар масофаи 2 километр ҷалб шудаанд.
Тибқи маълумоти ба мо расида, дар ҷалби иҷбории донишҷӯён ба корҳои саҳроӣ, сохтумон ва дигар корҳои вазнину тоқатфарсо, ки бештар барои ингуна корҳо дар дигар кишварҳо зиндониҳои бо ҷазои сангин ҳабсшуда ҷалб мешаванд, Тоҳиров Маҳбубуддин, устоди факултаи забон ва адабиёт, Ёров Акбаршо, ҷонишини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ, Зокиров Зафар, мудири шуъбаи кадрҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт даст доштаанд. Бар замми ин, ҳар куҷое ба кор ҷалб мекардаанд, барои он ки донишҷӯён аз ҷои кор фикри гурехтан накунанд, ду се корманди мақомоти шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ онҳоро назорат ва посбонӣ мекардаанд.
Кандани хати обгузар дар масофаи 2 километр, ки зоҳиран аз ҳисоби кадом гранти хориҷӣ аст ва дар он ҳама масрафҳо барои ашё, нархи меҳнат ва дигар ҳазинаҳо дар барнома нишон дода мешаваду он маблағро созмони грантдеҳ дастрас мекунад, ба кисаи ки рафтааст, маълум нест.
Ногуфта намонад, ки қисми зиёди донишҷӯёни ин Донишкада шартномавӣ ҳастанд ва ҳар сол ба ҳисоби бонкии донишкада то 4000 ҳазор сомонӣ ҳар як нафар маблағ месупоранд.