Шариати Ислом ҳамеша барои таъсис додани муҷтамаъи поку беолоиш мекӯшад, то ин ки оилаҳо ободу хушбахт гарданд. Шариат як ба як ба тамоми аъзои оила ҳаққу ҳуқуқ додааст. Шавҳарро амр мекунад, то ба ҳамсару фарзандонаш меҳрубону сарпараст бошад. Занро амр мекунад, мутъи шавҳару мураббияи фарзандон бошад. Фарзанданро амр мекунад, то қадри падару модари худро донанд. Бародару хоҳари бузург ба кӯчакон раҳиму меҳрубон бошанд, хурдакакони оила бошад, эҳтироми бузургонро ба ҷо оваранд. Ҳамеша барои ҳифзи хонаводаи хеш кӯшиш кунанд.
Мутаассифона, хуршеди якдигарфаҳмиву муҳаббатро гоҳҳо абрҳои тираи низоъҳои бепоён мепӯшонад ва ду сутуни хонадон, зану шавҳар ба ҷуз аз ҳам ҷудо шудан, чораи дигаре намебинанд. Барои ҳалли мушкилии худ талоқро пеша мегиранд.
Оре, талоқ, ҳамон талоқе, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
ابغص الحلال عند الله الطلاق
Бадтарин ҳалол дар назди Аллоҳ талоқ аст. (Абудовуд)
Чаро бадтарин ҳалол набошад, дар ҳоле, ки бо гуфтани ин калима ду нафаре, ки бо каламоти Илоҳӣ ақди никоҳ карда буданд, аз ҳам ҷудо мегарданд, агар соҳиби фарзанд бошанд, фарзандакон байни ду роҳ мемонанд.
Талоқ аз бадтарин ҳалолҳои шариат аст. Аммо, ҳарчӣ дар шариат ҳалол аст, ҳикматҳои нуҳуфтае дорад. Баъзан воқеан талоқ сабаб мегардад, мушкилиҳои ҳал ношудании доимӣ хотима ёбанд.
Албатта, талоқ бадтарин ҳалол аст, аммо дар ҳолатҳои ноилоҷӣ ҷоиз асту мубоҳ мебошад.
Асҳоби Расулаллоҳ бо вуҷуди он, ки беҳтарини уммат ба шумор мераванд, аз ҳам ҷудо шудаву талоқ гуфта буданд.
Зайд ибни Ҳориса саҳобии ҷалиле, ки ҳибби Расулаллоҳ лақаб доштанду аз наздиктарин нафарони эшон буданд, ҳамсари худ Зайнабро талоқ медиҳанд. Зайнабу Зайд аз ҳам ҷудо мегарданд. Пас аз муддате ҳарду издивоҷ мекунанд. Зайнаб ба ҳамсарии Паёмбар мебароянд. Зайд бошанд бо Уммуайман доияи паёмбар издивоҷ мекунанд. Ҳарду соҳиби зиндагиии пурбаракат мегарданд. Аҷиб ин аст, ки ҳам Зайд ҳам Зайнабро паёмбар ба биҳишт башорат додаанд, ҳарду аз асҳоби ҷаннат ҳастанд.
Амсоли Зайнабу Зайд саҳобагони аз ҳамдигар ҷудошуда зиёд ҳастанд, аммо аҷиб ин аст, ки дар ягон китобе ба сабаби талоқ гуфтан ва ё талоқ шудан ягон саҳобизане ва ё саҳобимарде таъна нашудаанд. Ягон асаре нест, ки нафареро барои талоқ гуфтанаш ва ё аз шавҳараш талоқ гирифтанаш таъна зада бошанд. Ин буд ахлоқи асҳоби Расулаллоҳ.
Паси пардаҳои талоқ сирру асрорҳое пинҳон аст, ки ба ҷуз зану шавҳар касе аз он огоҳии комил пайдо карда наметавонад.
Атрофиён аз он асрор хабар надоранд. Талоқ аз худ паёмадҳои баде мегузорад, ки мутаассифона бори гарони он мусибатҳоро асосан зани талоқшуда мекашад.
Ба маҳзи он, ки аз шавҳар ҷудо мегардад, аз зани муҳтарами фалони ба зани партофташудаи фалони табдил мегардад. Бисёриҳо бехабар аз асли аҳволи ин зан бо саҳмҳои заҳролудаи худ дили шикастаи занро боз маҷрӯҳтар месозанд. Бо суханҳое амсоли, зани бад будаасту, худаш айбдор аст, зани хубро касе талоқ намедиҳад, обрӯи занро зери хок мебаранд.
Оре, шояд ҳам айб дар ҳақиқат дар зан буд, шояд маҳз хатогӣ ва ё айби зан сабаб гашт, ки шавҳараш ӯро талоқ диҳад, аммо ҳар чӣ буд, дигар талоқ воқеъ гашт ва ин зан агарчӣ гунаҳгори асосӣ бошад ҳам, бадтарин рӯзҳои ҳаёти хешро аз сар мегузаронад. Магар аз инсоф аст, ба нафаре, ки дар мусибат ҳаст, ба ҷои таслият додан, санг занем. Магар аз инсоф аст, нафаре, ки ормонҳоияшро ба хок супорид, бо суханхои масмуми худ дилхун аз одаму олам созем.
Ҳамин зани талоқшудае, ки имрӯз сабабгори тамоми бадбахтиҳоят худат ҳастӣ мегуем, рӯзе бо сад умеду орзӯ бо либоси арӯсӣ барои ҳамешагӣ дари шавҳарро кӯфта буд. Асло ва асло фикри талоқу ҷудоӣ дар сар надошт. Қисмату тақдир дар он будаст, ки ӯ аз шавҳараш ҷудо гардад.
Зани аз шавҳар ҷудо гашта дарду аламҳояш басанда нестанд, ки боз бадрафтории ҷомеа, ангуштшумор гаштану таънаву маломати мардум зам мегардад.
Илова бар ин чашмҳои ғаразноку нопоки мардҳои бешаҳомат. Мардҳое, ки ба зани талоқшуда, ҳамчун зани бесоҳибу танҳо менигаранд, бехабар аз он ки худ низ хоҳар доранд, духтар доранд, бехабар аз он ки рӯзе, ки алъон ба сари ин зани бечора омад, шояд фардо ба сари наздикони онҳо ояд.
Дар мусофират, дар дури аз ватан боре бо хоҳаре, шинос шудам, ки нав аз Тоҷикистон омада буд. Ҳамааш бисту се сол умр дошт, аммо ожангҳои рӯяш аз дарду ҳасратҳои хурдааш хабар медоданд. Вақте фаҳмидам танҳо худаш аз он ҳама роҳи дур омадааст, аз ӯ сабаби ҳиҷраташро пурсон шудам.
Ба ман аз зиндагии худ қисса кард. Бо ҷаҳони дарду ғам, овози гиряолӯди гулӯгир гуфт:
Ман писарчаи чорсолаамро ба назди падару модари пирам гузоштаму худам ба хориҷ баромадам. Ҷигарбандамро аз худ ҷудо сохтам, то ҳол садои “модарҷон нарав” гӯияш дар гушам садо медиҳад. Медонӣ чаро ин корро кардам. Охир хаста шудам, вақте ба сабаи бемории равонӣ шавҳарам, маро бо писарчаам аз хона ронду талоқ дод, тамоми мардуми маҳалла ҳатто хешу таборам маро айбдори асоси донистанд. Рӯзе набуд, ки аз касе таъна нашунавам. Аз ин ҳам бадтар роҳ ба роҳ ҳамсояву бегона назарҳои боғарази мардҳо хастаам кард. Ҳатто мардҳое, ки ҳам синну соли падарам ҳастанд, бо чашми бад ба ман менигаристанд, баръало пешниҳодҳои палиди онҳоро мешунидам. Дигар тарки диёр кардам, дигар намехоҳам зани талоқшуда бошам, охир ман чӣ гуноҳ дорам, ман, ки асло ин рӯзро ба худ нахоста будам.
Суханхои хоҳарро шунида ба худ савол медодам. Оё ҷомеаи мо то ин ҳад дилсангу бераҳм гаштааст? Оё мо воқеан ба ҷои ҳамдардӣ, дардрасони занҳои бева ҳастем?
Албатта, пас аз талоқ додан мардҳо низ муддате ба худ намеоянд. Ғаму ҳасрат ва шояд ҳам пушаймони онҳоро фаро мегирад, аммо онҳо зери маломати мардум намемонанд.
Агарчӣ синну соли боло дошта бошанд, ҳам хеле зуд метавонанд барои худ ҳамсари нав пайдо кунанд.
Аммо зани бечора махсусан, агар соҳиби ду, се фарзанд бошад, маҳол аст, ки ба зуди шавҳар барояд ва оилаи нав созад. Шояд бақияи тамоми умри хешро дар танҳогӣ гузаронад. Он ҳам чӣ танҳогие…
Биёед бо чашми хираду раҳмат ба ин қазия нигоҳ кунем. Ба ҷои тӯҳмату ғайбат, таънаву маломати занҳои талоқшуда ба онҳо чӣ гуна кӯмак карданро фикр кунем. Чӣ моддӣ, чӣ маънавӣ ба қадри тавон ба эшон кӯмак кунем. Имрӯз, ки аксари мардум дар мусофират ҳастанд, ба хоҳарони танҳои дар мусофират буда кумак расонем.
Хоҳароне, ки танҳо ҳастанду дар Тоҷикистонанд ва асло садои онҳоро соҳибқудратон нашунидаанду намешунаванд ба онҳо низ кӯмак кунем. Бовар кунед, танҳо бо додани садақаи фитри як чанд нафари мову шумо як оилаи зиндаҷудо қути якчанд моҳаашро дарёфт мекунад.
Дар ҳаққи бевазане гумони бад накунед, ҳуқуқи бевазанеро поймол насозед, то тавон дар кӯмаку дастгирии онон бошед. Инҳо дар ҳақиқат мӯҳтоҷи кӯмаки шумо ҳастанд, ҳатто як навозиши хоҳарона, як назари беғарази бародаронаи шумо, сари ононро ба осмон мерасонанд.
Муслимаи Аҳмадӣ