Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Имом Аҳмади Ҳанбал

$
0
0

Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Ҳанбали Шайбонӣ, ки мардум ӯро бо номи  Аҳмад ибни Ҳанбал мешиносанд, соли 164-и ҳиҷрӣ дар Бағдод ба дунё омада, соли 241-и ҳиҷрӣ аз дунё гузаштааст. Ӯ аз асҳоби ҳадис буда, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз ӯ ривоят кардаанд. Имом Аҳмад дар ҳадису фиқҳ пешвои замони худ буда, ҳофизаи қавӣ ва дирояти комиле дошт. Имом Аҳмад барои касби илми ҳадис ва фиқҳ ба шаҳрҳои Яман, Шом, Алҷазира, Куфа, Ҳиҷоз ва Мадина сафар кардааст.

Нахуст фиқҳу ҳадисро аз Имом Абӯюсуф шогирди Абӯҳанифа(р) фаро гирифт. Гурӯҳе мегӯянд; аввалин устоди Ибни Ҳанбал Ҳушайм ибни Башир ибни Абӯхозими Воситӣ будааст, ки ӯ дар муддати чаҳор сол аз вай беш аз се ҳазор ҳадисро шунидаву аз ёд кардааст.

Ибни Ҳанбал аз Иброҳим ибни Саъд, аз Яҳёи Қаттон ва аз Вақеъ низ дарс гирифта, мехост ба хидмати Имом Молик бирасад, аммо Молик вафот кард. Аз ин ҷиҳат Ибни Ҳанбал аз маҳзари он бузургвор маҳрум шуд ва дар иваз аз Суфён дар Макка баҳра ёфт, чунонки худи Имом Аҳмад мегӯяд: “Моликро аз даст додам ва дар иваз Худованд маро аз маҳзари Суфён баҳраманд сохт

Аз зумраи шогирдони Имом Аҳмад Яҳё ибни Одам, Язид ибни Ҳорун, Алӣ ибни Мадинӣ, Бухорӣ, Муслим, Абӯзаръа, Абӯҳотими Розӣ, Иброҳими Ҳарбӣ, Абӯбакр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳоруни Тоии Ашрам, Аҳмад ибни Муҳаммади Марвазӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқи Соғонӣ, Аҳмад ибни Абӯҳаворӣ, Мӯсо ибни Ҳорун, Ҳанбал ибни Исҳоқ, Усмон ибни Саиди Доримӣ ва дигарон буданд. Аҳмад ибни Муҳаммади Хилол фиқҳи Ибни Ҳанбалро гирдоварӣ ва мунташир кард. Ӯ барои омӯзиш, ва ҷамъ овардани аҳодиси Расули Акрам (дуруди Худо нисорашон бод)  ба Шом, Яман ва Ҳиҷоз сафарҳо кардааст. Ибни Ҳанбал соли 180-уми ҳиҷрӣ китоби «ал-Муснад»-ро таълиф кардааст, ки он 30 ҳазор ҳадиси набавии шарифро дарбар мегирад. Ӯ ин китобро чун заминаи ҳадисҳои набавӣ барои аз байн бурдани ихтилоф муаррифӣ менамояд

Чуноне ки мегӯяд; “агар дар ҳадиси мансуб ба Расули Худо (с) ихтилоф намудед, ба “Муснад” руҷӯъ намоед! Агар онро дар “Муснад” наёфтед, қобили эътимод нест”. Китобҳои дигари ӯ иборатанд аз; “аз-Зуҳд”, “ас-Салот”, “ал-Маносик-ул-кабир”, “Ал-мансик-ус-сағир”, “Ат-торих”, “Ан-носиху вал мансух”, “ал-Муқаддаму ва-л-муаххар фи китобиллоҳи таоло”, “Фазоил-ус-саҳоба” ва ғайра.

Агар дар бораи зиндагиномаи Аҳмади Ҳанбал гуфта гузарем, аз волидайни худ хеле барвақт ятим монда, дар домани фақириҳо ба воя расидааст. Барои дарёфти рӯзӣ либос бофта, хаттотӣ карда ва гоҳо ҳаммолӣ, яъне боркашӣ ҳам карда, рӯз гузаронидааст. Ба илми ҳадис ҳанӯз аз замони наврасӣ завқи беандоза пайдо карда, ба хотири мукаммал кардани улуми худ озими сафарҳо ҷониби манзили уламои давр гаштааст.  

Аз шогирди беҳтарини имом Абӯ Ҳанифа Абӯ Юсуф низ дарс гирифта, баъдан дар Бағдод аз муҳаддиси бузург Ҳушайт ибни Башир Воситӣ чор сол  мунтазам илми ҳадис омӯхта, аз он кас се ҳазор адад ҳадис навишта гирифтааст.

Дар талаби илм ба мамолики  Яман, Куфа, Басра, Мадина, Макка ва дигар маконҳо сафар кардааст. Дар шаҳри  Маккаи Мукаррама шарафёб шуда, ки аз имом Шофеъӣ дарс бигирад. Имом Шофеъӣ чун ба  Бағдод омада буданд, алоқаи миёни устоду шогирд боз ҳам мустаҳкамтар гардида буд. Имом Аҳмад аз Шофеъӣ бештар таълим гирифтанро саъй дошт ва ҳангоме Шофеъӣ ба Миср кӯч бастанӣ шуданд, Аҳмади Ҳанбал низ дар чунин ният буд, аммо шароит дуруст нагирифт. Имом Шофеъӣ  ҳангоме аз Бағдод мерафтанд, гуфтанд: “Ман аз Бағдод меравам, акнун дар ин шаҳр аз Ибни Ҳанбал тақводортару фақеҳтаринсоне нест” 

Аҳмад ибни Ҳанбал дар илми ҳадис хеле пеш рафта буд. Ҷамъе аз уламо китоби иборат аз аҳодис, ки “Муснад» ном дошт, дар қатори шаш китоби мӯътабари аҳодис қарор додаанд. Шогирдони Аҳмади Ҳанбал аз илми фиқҳи ӯ хеле ифтихор ҳам доштанд. Муаррихи машҳур  Тобарӣ дар китоби худ бо номи «Ихтилофул уламо» дар бораи Аҳмад ибни Ҳанбал «муҳаддис» гуфта зикр намуда буд. Он гоҳ шогирдони аҳмади Ҳанбал ҷамъ шуда ба хонаи Табарӣ омаданд ва эътироз намуданд, ки чаро Ибни Ҳанбалро фақеҳ низ нанавиштааст?! Ҳатто дар ривояте омада, ки аз чанголи шогирдони дифокунандаи устод Табариро миршабҳо базӯр раҳо кардаанд. 

Албатта Ибни Ҳанбалро ба чунин дифоъ ҳоҷате ҳам набуд, зеро олами муслимин ба сифати  олими бузургу фақеҳ ва зоҳиду муҳаддису тақводор хуб мешинохт. Даврони зиндагии Аҳмади Ҳанбал давре пур аз ихтилофҳои сиёсӣ ва ақидавӣ низ буд. Тарафдорони мазҳаби мӯътализӣ ба ҳукумат наздик шуданду фитна ривоҷ ёфт. Мардуми мусалмон, ки сиратан содаву зудбоваранд, зуд фирефтаи  фитнагарони замонашон гардиданд. Хавфи вайроншавии ақидаи мардум тавлид шуд. Имом Аҳмади Ҳанбал бошад, ба ин гуна ихтилофҳо зиддият нишон дода, уламои аҳли суннатро дар атрофи худ ҷамъ намуд. Халифаи шаҳр Маъмун ҳафт олими намоёни шаҳрро даъват намуду маҷбур кард, ки муқобили Аҳмади Ҳанбал ҳарф зананд.  Аммо обрӯю эҳтироми Аҳмади Ҳанбал миёни мардум бештар мегашт, ки шикаста намешуд. Халифа Маъмун амр кард, то имом Аҳмади Ҳанбал ва шарики ӯ Муҳаммад ибни Нӯҳро занҷирбанд карда оранд. Аммо чун олимон ҳанӯз дар ними роҳ буданд, халифа Маъмун вафот кард. Дар роҳи сахтиву зилат Муҳаммаад ибни Нӯҳ ҳам вафот карду Имом Ҳанбал худ ӯро шуставу ҷанозаву дафн кард. 

Баъдан сари тахт Халифа Мӯътасим омад, аммо фитнагариҳо бартараф нашуд ва Имом Аҳмадро раҳо ҳам накарданд. Имом Аҳмад зиёда аз ду сол, аниқтараш 28 моҳ дар зиндон буд, аммо иродаи қавиашро касе натавонист, ки шиканад.  Ҳукуматдорон мехостанд, ки имом Аҳмади Ҳанбал дар ҳузури қавм эътироф кунад, ки китоби Қуръони карим махлуқ аст, яъне каломи Худо неву халқкардаи Ӯст. Халифа Мӯътасим худаш бо Имом Аҳмади Ҳанбал суолу ҷавоб мекард ва чун медид, ки бо гуфтан ба гап дароварда намешавад, бо зарби калтак мекӯшид. Ҳар боре, ки аз зарбаи пай дар пайи дарраҳо  аз ҳуш мерафт, боз кашолакунонба зиндон медароварданд. Ин ҳол рӯзи дигар боз давом мекард.   

Боре аз шаттаи зиёд имом аз ҳуш рафта истода буд, ки дар ҳамин ҳолат сардори фитнагарон Ибни Абӯдовуд ба ӯ  наздик шуду гуфт: “Оҳиста ба гӯшам бигӯ, ки қуръон махлуқи Худованд аст. Туро аз зиндони халифа озод мекунам” Он гоҳ Имом Аҳмади Ҳанбал оҳиста ба гӯши Абӯ Довуд гуфт:” Агар ту гӯйи, ки “Қуръон каломи  Аллоҳ аст ва махлуқ нест, аз азоби Худованд наҷот меёбӣ” 

Ин воқеа бошад, сабаби тавба кардану имон овардани халифа ва қатл шудани фитнакорон Ибни Абӯ Довуд ва шарикаш Башрул Мурсалсӣ гардид. Ҳамин тавр, имом аз фитнаи бузург мусалмонони давронашонро наҷот доданд. 

Имом Аҳмад дар авохири умр бемор шуду тамоми олами муслимин дар ташвиш афтод. Шаҳре, ки ӯ зиндагӣ мекард, бо одамони аз дуру наздик омада барои аёдати бемор пур шуда рафт.  Миршабҳо фақат одамонеро, ки худи Имом хоҳиши дидан мекард, иҷоза медоданд. Ниҳоят соли 241 санаи 12-уми моҳи рабиъул аввал, рӯзи ҷумъа чашм аз дунёи ҳастӣ пӯшид. 

Соима Саидӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>