Як шаҳрванди Тоҷикистон тибқи банди се, моддаи 291 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия бо додани пора ба корманди Хадамоти федералии амният дастгир шудааст. Ин нафар кӯшиш кардааст, ки бо додани пора ба корманди ФСБ ду шарики тиҷоратии худро аз Русия хориҷ кунад.
Тавре, ки пойгоҳи иттилоотии Tvergrad хабар медиҳад, ин зодаи Тоҷикистон бо ду нафар ҳамдиёронаш, ки тиҷорати муштарак доштанд, муносибати хуб надошта, қарор мекунад, аз онҳо халос шавад.
Бино ба маълуммоти расонаишуда, Шарикони тиҷории айбдоршаванда шаҳрвандии Русияро надоштаанд, аммо қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доштанд. Шарикашон тасмим мегирад, ки ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Русия даст ёфта, як худаш ба тиҷорат соҳиб шавад.
Ба воситаи як миёнарав бо корманди ФСБ шинос шуда, 150 ҳазор рубл пул ваъда мекунад. Дар иваз пул корманди ФСБ мебоист шарикони тиҷоратии айбдоршавандаро ба даст доштан дар фаъолияти террористӣ айбдор намуда, аз қаламрави Русия истирдод ва баргашти дубораашон манъ шавад.
Моҳи июни соли 2018 ӯ ба шахси мансабдор, ки дар доираи озмоиши фаврӣ амал мекард, пешакӣ 30 ҳазор рубл медиҳад. Пас аз ин мардро боздошт мекунанд. Айбдоршаванда дар суд қисман ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор доштааст, ки корманди ФСБ пул гирифтан мехост ва ӯ дар навбати худ, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои порадиҳӣ огаҳӣ надошт.
Иззат Амон, Коршиноси умури муҳоҷират дар Русия мегӯяд, мутаассифона, ингуна амалҳои нангин хеле зиёд рӯй медиҳанд. Иззат Амон мегӯяд, худи ӯ шоҳиди чанде аз ингуна бархурдҳои муҳоҷирон бо ҳамватанони худ шудааст.
Ҳоло тибқи ҳалномаи суд ин зодаи Тоҷикистон , 100 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудааст ва маълум аст, ки бо ҷарима озод мешава