Наврасони футболбози тоҷик, ки дар қаҳрамонии дар Брозилиё ҳузур доранд, ҳамсолони камеруниии худро дар бозии аввал бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд.
Бозии дигар байни ду узви гқрӯҳи Е байни тимҳои Орҷентин ва Испониё бо бидуни гол хотима ёфт. Наврасони тоҷик ҳоло бо се имтиёз дар садри ҷабвал қарор доранд.
Дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, нимҳимоятгар Шарифбек Раҳматов тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Ҳамчунин дар нимаи дувум ҳамлагар Рустам Соиров ба дарвозаи мунтахаби Камерун тӯби дувумро ворид кард, вале ин гол баъди тамошои бозпахши лаҳзаҳои бозӣ бо истифода аз видеодовар аз ҷониби сардовар Ник Уолдрон аз Зеландияи Нав ба иллати вайрон шудани қоидаи бозӣ бекор карда шуд.
Дар дақиқаи 72-юм нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Элмуродов барои корти дувуми зард аз майдон ихроҷ шуд.
Дар ин бозӣ футболбозони навраси тоҷик зимни задани як зарбаи ҷаримавӣ комбинатсиюни бисёр зебову дидание ба иҷро расониданд, ки ҳатто дар бозиҳои байни тимҳои асосии ҷаҳон камтар дида мешавад.
Наворро инҷо бубинед:
Гуфтанист, бозии дуввуми наврасони тоҷик бо ҳамсолони испониёиашон рӯзи 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) баргузор хоҳад шуд.