Мавлуд Човушоглу, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дар намози ҷумъаи масҷиди Имом Тирмизӣ ширкат варзидааст.
Ширкати ин мақоми баландпояи туркро дар сафи намозгузорон, мардум бо хушҳолӣ истиқбол намудааст. Намозгузории як вазир байни мардум, ки дар Тоҷикистон собиқа надорад, бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури қаблии Туркия Абдуллоҳ Гул низ соли 2009 зимни сафараш ба Душанбе дар намози ҷумъаи ҳамин масҷид ширкат варзида буд. Он вақт Абдуллоҳ Гул бо мардум ҳам дастфишориву ҳолпурсӣ карда буд, ки баъди каме мақомоти амниятӣ бо ҳар баҳона ин корро қатъ карданд.
Дар Тоҷикистон, ки то имрӯз ҳеҷ мақоми баландпояи давлатӣ дар намозҳои ҷумъа ширкат накардааст. Аз соли 2013 ширкати ҳамаи командони давлатӣ дар намози ҷумъа мамнӯъ аст.