Дар бозори Корвони Душанбешаҳр “шикор”-и навбатии сатр оғоз шудааст. Ба тоҷирзанони сатрпӯш шарт гузошта шудааст, ки ё сатрашонро бадар кунанд ё бозорро тарк кунанд.
Бештари ин занон, ки синнашон аз 40 боло аст ва бадар кардани сатрро ба худашон иҷоза намедиҳанд, дар дуроҳа мондааанд: аз як тараф ҳифзи номуси исломиву тоҷикӣ аз тарафи дигар қарзҳои бонкиву таъмини оила. Дар сурати фишори бештари мақомот имкон дорад даҳҳо занон — ноноварони оила бе ҷои кор монанд, чун бештари онҳо тасмимашон ба ҳифзи сатрашон аст. Аз тарафи дигар бӯҳрони иқтисодиву камии харидор ва боло рафтани нархҳои иҷораву хидматрасонии бозор ва фишори мақомоти андоз, савдо дар бозорро зараровар кардааст.
Ин гурӯҳи занонро умеди беҳбуди вазъ ва аз талафшавӣ наҷот додани молашон дар бозор нигоҳ медорад. Қариб як сол аст, ки онҳо бидуни фоида ва ҳатто гоҳе бо зарар фаъолият доранд.
Он нафароне, ки бо сатри занон кор гирифтаанд, амалашонро мустақиман ба раисҷумҳури кишвар рабт медиҳанд, ки фармон аз ӯст. Фармони мустақими Эмомалӣ Раҳмон аст ё баҳонае барои ғасб кардани ҷои ин гурӯҳи занон, ба назар мерасад ба зудӣ ба артиши бекорони кишвар даҳҳо зани дигар ҳамроҳ хоҳанд шуд.