Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳоҷирати меҳнатӣ дубора рӯ ба афзоиш аст (Видео)

$
0
0

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон дубора рӯ ба афзоиш овардааст. Мақомот онро ба беҳтар шудани вазъи кор дар Русия нисбат медиҳанд, дар ҳоле, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд ҳукумат тавонистааст муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад. 

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 411 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷ хоки кишварро тарк кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давари соли гузашта афзоиши 26 дарсадиро нишон медиҳад. .

Дар гузориши тозанашршудаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳти унвони “Мониторинг ва пешбинӣ дар Тоҷикистон” гуфта мешавад “болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-сентябр дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”.

Қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чанд баромадаш таъкид карда буд, ки ҳукумат муваффақ шудааст аз шумори муҳоҷирони корӣ бикоҳонад. Ӯ коҳиши шумори муҳоҷирон дар соли гузаштаро ба эҷоди бештари ҷоқҳои корӣ дар кишвар нисбат дода буд. Ҳоло маълум мешавад сабаби коҳиши соли гузашта рабте ба ҷои кор дар кишвар надошта, бештар омилҳои беруна доштааст.

Тибқи гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдо бештар аз ҳама муҳоҷирони корӣ моҳи апред кишварро тарк кардаанд. Шумори берунрафтагон дар ин моҳ 90 ҳазор гуфта мешавад. 

Аммо бо вуҷуди афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ, интиқоли пул ба кишвар аз тарафи онҳо камтар шудааст. Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар 6 моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 111 млн. доллар маблағ ирсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли қабл 4,2% камтар будааст. Дар ним соли аввали соли гузашта муҳоҷирон ба кишвар 1 млрд. 159 млн. доллар фиристода буданд. 

Ин таноқузро коршиносон аз чанд сабаб вобаста медонанд:

1. Муҳоҷирати хонаводагӣ ба Русия бо шиддат афзоиш ёфтааст;

2. Бинобар комиссияи зиёди бонкҳо ва бо қурби поёнтар аз қурби БМТ ҳисоб кардани маблағҳои интиқолӣ, муҳоҷирон роҳҳои дигари интиқолро пеш гирифтаанд;

3. Манъи кори муҳоҷирон дар чанд соҳа дар Русия боиси даромади камтар гирифтани муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Коршиносон ҳамчунин пешбинӣ мекунанд муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чанд соли дигар ҳам дар ҳоли афзоиш хоҳад буд. 



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>