Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Асъор ва иқтисод 29.10.2019

$
0
0

Дар муомилоти арзии миёни бонкҳонархи миёнаи пули тоҷикӣ  9 сомониву 69 дирам муъодили 1 доллари ИМА муъайян шуд.

Ба асоси иттилои Бонки миллӣ, 15 дирам баробари 1 рубл ва 10 сомониву 76 дирам баробари 1 евро мебошад.

******

Ба гузориши пойгоҳҳои интернетии маводди хоми Лондон ва Нюйорк, баҳои нафт дирӯз дар саршавии ҳафтаи ҷорӣ дар муомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон коҳиш ёфт.

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange ва  Brent Crude Futures-и Лондон 61доллару 57 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар бурсҳои New York Mercantile Exchange ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 55 доллару 81 сент муъомила шуд.

****

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти шоми дирӯз миёни бонкҳои Лондон 1492 доллару 40 сент  муъомила шуд.

Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити субҳи душанбе 12доллару 65 сент  коҳиш ёфт.

Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1345,55 ва пунди инглис 1160,94 муъомила шуд.

Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба унвони маҳак дар муомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.

*****

Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ ба мардум дар 9 моҳ дар кишвар 9 миллиарду 2 00 миллион  сомонӣ, беш аз 951миллиону 700 ҳазор доллар буд, ки ин шумор дар муқойиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад афзойишро нишон медиҳад. 

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, саҳми ширкатҳои давлатӣ дар хидматрасонии пулакӣ 16,7 дарсад аст.

Хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе дар муқойиса бо дигар манотиқи кишвар бартарӣ дорад. Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар Душанбе аз шохиси миёнаи ҷумҳурӣ 5 баробар афзун аст.

*****

Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 307 миллион киловатт соат нерӯи барқ содир кард, ки ин шумор 20,5 дарсади ҳаҷми барқи тавлидшуда дар кишвар дар ин моҳ мебошад.

Дар гузориши вазорати рушди иқтисод ва савдо Тоҷикистон гуфта мешавад, ки моҳи гузашта дар кишвар беш аз 1,5 миллиард киловатт соат барқт тавлид шуд.

Дар моҳи сентябр ба Ӯзбекистон 165 милллион кВт соат, ба Афғонистон 130 миллион кВт соат ва ба Қирғизистон беш аз 12 миллион кВт соат барқ содир гардид.

Бо ин ҳол Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба ин се кишвар дар кулл беш аз 2,8 миллиард кВт соат барқ содир кард.

Тибқи гузориши Агентии омор,   аз содироти барқ Тоҷикистон 85 миллиону 400 ҳазор  доллар даромад гирифтааст.

Тоҷикистон дар ин сол содироти ҳудуди 3 миллиарду 500 миллион киловат соат нерӯи барқро барномарезӣ кардааст.

Дар зимн, гуфта мешавад, ки аз оғози норасоии барқ содироти он ба хориҷа мутаваққиф мегардад.

******


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>