Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

$
0
0

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) — кишварест дар Амрикои Шимолӣ. Ин мамлакатро аксари вақт Амрико низ меноманд. Сокинони ин кишвар амрикоиҳо мебошанд. Қисми асосии ҳудуди ИМА дар қитъаи Амрикои Шимолӣ ҷойгир аст. Кишвар дар шарқ бо укёнуси Атлантика, дар ғарб бо уқёнуси Ором, дар ҷануб бо Мексика ва дар шимол бо Канада ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти ИМА Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия мебошад. Шаҳрҳои бузургтарин: Ню Йорк, Лос Анҷелес, Техас, Чикаго ва ғайра мебошад. Иёлоташ Калифорния, Флорида, Висконсин, Ҷорҷия, Гавайӣ, Ню-Ҷерси, Мичиган  ва ҳоказо. 

Амрико Санаи 4-уми июли соли 1776 истиқлолият ба даст овардааст. Забони расмии давлатиаш забони англисӣ, коди телефон +1, Сохти давлатдориаш ҷумҳурии федеролии конститутсионӣ, президенти феълиаш Донналд Трамп. Асъори миллӣ доллари амрикоӣ.

Дар бузургии масоҳат дар дунё ҷойгоҳи сеюмро ишғол менамояд, ки масоҳати умумиаш  9 миллиону 857 ҳазору 306 километри мураббаъро ташкил менамояд. Саршумори аҳолиаш дар соли 2019  332 865 306 нафар буда, дар худи давоми ҳамин сол 2 487 743 афзуданд. 

Дар зери тобеъи ИМА якчанд ҷазираҳо, дорои нишонаи гуногун ҳастанд, лекин ин ҷазираҳо ба давлат дохил намешаванд. Дар қисмати ҷазираи азхуднашудаи атолли Палмира пурра Конститутсияи ИМА ба кор меравад. Қисмати дигараш бошад аз рӯи қонуну қоидаи хеш амал мекунад. Аз ҳама бузаргтарин аз ҷазираҳои тобеъи ИМА, Пуэрто-Рико мебошад.

Давлати ИМА аз 50 иёлат иборат буда, ҳамаи онҳо баробарҳуқуқ мебошанд ва ҳамчунин Вашингтон дар Ҳавзаи Колумбия дорои мақоми пойтахт мебошад. Ҳар як иёлат дорои конститутсияи хеш, ҳокимияти қонунбарор, иҷрокунанда ва судӣ аст. Оиди Конститутсияи ИМА, ки соли 1787 қабул гардида буд, баъзе уҳдадориҳо оиди ҳокимияти давлатӣ ба хокимияти Федералии ИМА дода шудааст. Уҳдадории давлатӣ, ки ба зери назорати ҳокимияти федералӣ дохил намешавад, аз ҷониби штати ИМА иҷро карда мешавад.

Дар Конститутсияи ИМА принсипи тақсимоти ҳокимият амал мекунад, ки оиди он ҳокимияти федералӣ дорои органҳои ҳуқуқбарор, иҷроия ва судӣ кор мебарад, ки новобаста аз ҳамдигар кор мебаранд. Органи баланддараҷаи ҳокимяти қонунбарорКонгресси ИМА ки иборат аз ду палата мебошад:

палатаи поёнӣ — Палатаи намояндагон ва палатаи болоӣ — Сенат.

Органи баланддараҷаи ҳокимияти иҷрокунанда — президенти ИМА. Президент — сардори давлат, сарфармонддеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар. Инчунин вазифаи ноиб-президент ҳам ҳаст. Органи олии ҳокимяти судӣ — суди олии ИМА

Ҳизбҳои асосӣ — Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА ва Ҳизби демократии ИМА. Инчунин ҳизбҳои дигари хурд мавҷуд ҳастанд. Ҳамаи аҳзоб озодона фаъолият мебаранд. ИМА — аъзои доимии Иттифоқи Бехатарии Созмони Миллали Муттаҳид. Аъзои НАТО, ОБСЕ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аст.

Маориф

Таҳсилоти ибтидоӣ дар ИМА ҳатмист. Барнома барои 5 сол пешбинӣ шудааст ва кӯдакони аз 6 то 11 сола дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекунанд. Муассисаҳои таҳсилоти миёна метавонанд давлатӣва  хусусӣ бошад, инчунин калисоӣ бошад, ки дар он ба дин аҳамияти зиёд дода мешавад.

Аз синфи якум то панҷум барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ, шаш то ҳаштум барои маълумоти миёнаи нопурра ва аз синфи  нӯҳ то дувоздаҳ барои гирифтани маълумоти миёнаи пурра аст. 

Дар аксари мактабҳои Амрико, соли таҳсил дар охири моҳи август оғоз ёфта, аз 170 то 186 рӯзро дар бар мегирад.

Маълумоти олиро дар Иёлоти Муттаҳида ҳам коллеҷҳои хурд, ҳам донишгоҳҳои машҳури минтақа  ва ҳам донишгоҳҳои машҳури дунё намояндагӣ мекунанд.

Маълумоти гирифта дар ИМА қадр карда мешавад ва инчунин дар ҳама кишварҳои дунё. Дар назар аст, ки  маълумоти олӣ дар Иёлоти Муттаҳида нуфуз ва сифат аст. Таҳсилро дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳо метавон дастрас кард, ки онҳо давлатӣ ё хусусӣ буда метавонанд. Фарқи асосии байни коллеҷ ва донишгоҳ дар он аст, ки коллеҷ барои рушди фаъолияти илмию таҳқиқотии донишҷӯён вуҷуд надорад ва таҳсили баъдидипломӣ низ вуҷуд надорад. Ба мисоли барномаҳои магистрӣ ва докторӣ.

ИМА яке аз пешвоёни байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии хориҷӣ мебошад. Тибқи омор, сатҳи саводнокӣ дар кишвар 99% -ро ташкил медиҳад ва аз 250 мансабдори воломақом дар кишварҳои мухталиф, 12% -ашон дар донишгоҳҳои ИМА таҳсил кардаанд. Шумораи зиёдтарини донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Амрико таҳсил мекунанд . Зиёда аз 4000 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти олии Иёлоти Муттаҳида имрӯз дар тамоми соҳаҳои мавҷуда таълим медиҳанд. Тааҷҷубовар нест, ки чунин гуногунрангии донишгоҳҳои амрикоӣ донишҷӯёнро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. 

Иқтисодиёт

Сохтори иқтисодиёти ИМА бо постиндустриализм ба таври хос тавсиф карда мешавад. Қисми зиёди ММД-и ИМА  дар соҳаҳои хизматрасонӣ, ки асосан маориф, тандурустӣ, илм, молия, тиҷорат, хадамоти гуногуни касбӣ ва шахсӣ, нақлиёт ва алоқа ва мақомоти давлатиро дар бар мегиранд, ташкил карда шудааст. Ҳиссаи истеҳсолоти моддӣ (кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ, истихроҷ ва коркард, сохтмон) 20,6% ММД-ро ташкил медиҳад. Дар соҳаи кишоварзӣ тақрибан 0.9% ММД тавлид мешавад ва саноат камтар аз 20% ММД истеҳсол мекунад.

Дар байни кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон Иёлоти Муттаҳида кайҳо дар пешрафти саноат пешсаф буд. Иёлоти Муттаҳида яке аз  сермаҳсултарини самти хоҷагидорӣ дар ҷаҳон мебошад. Хусусияти фарқкунандаи иқтисодиёти онҳо тамаркуз ба пешрафти илмию техникӣ ва технологияҳои пешрафта мебошад. Масалан  дар соҳаи татбиқи натиҷаҳои пешрафти илмӣ ва техникӣ дар истеҳсолот, барои кашфиётҳо, ихтироот ва коркардҳои охирин пешсаф аст. Ҳамаи ин аксар вақт боиси вобастагии дигар кишварҳо аз ИМА дар соҳаи илм ва технология мегардад. Вақто меҳнатро техникаи пешрафта , яъне асбоб мекунад, албатта кувваи корӣ сарфа мешавад ва ҳосилнокӣ  меафзояд. 

Дар соли 2018,  Иёлоти Муттаҳида пешсафи  ҷаҳонӣ дар истихроҷи нафт шуд, ки дар моҳи феврал Арабистони Саъудиро ва Русияро дар моҳи август пеш гузашт. Иёлоти Муттаҳида бахши хеле рушдкардаи молиявӣ дорад.

Ҳамлу нақл.  Иёлоти Муттаҳида дорои инфрасохтори нақлиётии хеле рушдёфта мебошад. Шабакаи роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан (мутаносибан 6,506,204 км  ва 226,427 км ) тӯлонитарин дар ҷаҳон мебошанд.

Иёлоти Муттаҳида инчунин миқдори зиёди фурудгоҳҳо ва аэродромҳо дар ҷаҳонро дорад. Теъдоди умумии ин фурудгоҳҳо 5194 мебошад. 

Фазои ҳавоӣ дар Иёлоти Муттаҳида яке аз пурбортарини  сайёра аст. Ҳамин тавр, ба гуфтаи The Guardian дар соли 2012, аз 10 фурудгоҳи беҳтарини дунё дар ҷаҳон 4 ададаш  амрикоӣ буданд. Тибқи як пажӯҳиши Донишгоҳи Ҳофстра, Иёлоти Муттаҳида тақрибан 70% саёҳати дохилии ҳавоии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2019 иқтисоди ИМА нисбат ба соли гузашта 3,1 фоиз афзоиш ёфт. Бонки амонатии федералии Ню-Йорк  афзоиши ММД-ро дар семоҳаи дуюми соли 2019 1,3% ва дар семоҳаи сеюм – 1,2% муайян намуд. 

Инак мухтасаран дар бораи содироту воридоти маълумтарини ИМА ба бозори ҷаҳонӣ маълумот гирд овардем. Содироти беҳтарини ИМА маҳсулотҳои нафтӣ (74,5 миллиард доллар), автомобилҳо (56 миллиард доллар), ҳавопаймоҳо, чархболҳо  (54 миллиард доллар), лӯлаҳои газ (31,6 миллиард доллар) ва доруҳои бастабандишуда (29,5 миллиард доллар) мебошанд. Воридоти беҳтарини он мошинҳо (178 миллиард доллар), Нафти хом (129 миллиард доллар), Таҷҳизоти пахш (105 миллиард доллар), Компютерҳо (73,5 миллиард доллар) ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо  (67,1 миллиард доллар) мебошанд.

Беҳтарин самтҳои содиротӣ ИМА Мексика (181 миллиард доллар), Канада (149 миллиард доллар), Чин (133 миллиард доллар), Ҷопон (66,9 миллиард доллар) ва Олмон (61,6 миллиард доллар) мебошанд. Сарчашмаҳои беҳтарини воридотӣ Чин (476 миллиард доллар), Мексика (307 миллиард доллар), Канада (274 миллиард доллар), Ҷопон (125 миллиард доллар) ва Олмон (111 миллиард доллар) мебошанд.

ММД-ро  дар моҳи июли соли 2019 бар сари ҳар нафар аҳолӣ 54 ҳазору 541, 7 доллар ҳисоб карда шуд. Миқдори умумии ММД -и кишвар бошад, 20,4 триллион долларро ташкил намудааст. 

Соима Саидӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>