Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Таъсири талоқ ба фарзандон

$
0
0

Аз он, ки Ислом дини меҳру рафоқат пайванду ҳамбастагист, ҳамеша мардумро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Оёту аҳодиси зиёд ҳамеша мӯъминонро ба издивоҷ кардану фарзанддор будан, танҳо намондану соҳиби оила гаштан, даъват мекунад. Шариати Ислом ҳаргиз касеро ба талоқ додан ва ё оилаи худро вайрон кардан, амр накардааст. 

Ислом Талоқро охирин ҳалли мушкилиҳои тамомнашуданӣ медонад.

Талхии талоқро натанҳо зану шавҳар, балки атрофиён дигар, хешутабор низ мечашанд, аммо заҳри талоқро аз ҳама зиёдтар фарзандон менӯшанд ва шояд то охири умр аз зарари он заҳр дард кашанд.

Баъзан ду ҷуфт ҳанӯз фарзанддор нашуда аз ҳам ҷудо мегарданд, дар ин ҳолат ғуссаҳои талоқро асосан бузургон мехӯранд. Мусибати талоқ ҳангоме вонамуд мегардад, ки ду ҷуфти фарзанддор, ду падару модар аз ҳам ҷудо гарданд. Дар ин ҳолат ғаму ғуссаи талоқро фарзандон низ хоҳанд дид.

Мутассифона, зану шавҳар баъзан бист сол бо ҳам зиндагӣ карда бошанд ҳам, соҳиби якчанд фарзанд гашта бошанд ҳам, пас аз ҷудоӣ аз ҳамдигар,  бадхоҳи ҳамдигар мегарданд. Тамоми бадбахтиҳои дунёро хоҳони якдигар мекунанд. Магар яке модари фарзанди дигаре нест? Магар ҳамон марде, ки тамоми бадбахтиҳоро ба ӯ мехоҳед, падари фарзанди шумо нест? 

Кош, талоқ сабаби тамоми умр бадбинии зану шаваҳар намегашт. Кош, зану шавҳаре, ки аз ҳам ҷудо мегарданд ба хотири фарзандони худ баъзе муносибатҳоро дар байни худ нигоҳ медоштанд. Ба ҷои бадбину бадхоҳи ҳамдигар гаштан, ҳамчун падару модари фарзанди хеш якдигарро эҳтиром менамуданд. Танҳо ба хотири фарзандон, аз принсипҳои шахсии хеш даст мекашиданд.

Барои он ки талоқ зарбаи сахти равонӣ ба фарзандон нагардад ва фарзандон мисли гунҷишкакони лонавайрону бепарастор нагарданд, падару модари роҳи талоқро пеша гирифта, бояд пеш аз ҳама ҳолати равонии фарзандонро дарк кунанд. Агар фарзандон бузург бошанд, сухани бузургонро аллакай дарк карда тавонанд, дар ин ҳолат пеш аз он ки аз ҳам ҷудо гарданд ва дунболи ҳаёти шахсии худ раванд, бояд бо ҳам ҷамъ шуда бо фарзандон оиди талоқ гуфтугӯ кунанд. Ба фарзандони бузург дарк кунонад, ки падару модар аз ҳам ҷудо мегарданд, аммо фарзандон падару модари худро аз даст намедиҳанд. Муҳаббати падару фарзанд ё модару фарзанд мисли пештара дар ҷояш мемонад. Ҷудо гаштани падару модар, ҷудо гаштани фарзанд аз волидон нест, нобуд гаштани меҳру муҳаббатҳои фарзандон нест. Зану шавҳар бояд ба фарзандон фаҳмонанд, ки ҷудо шудани онҳо, бад будани яке аз онҳоро намефаҳмонад. Вақте падар аз модар ҷудо гашт, ин маънои онро надорад, ки модар зани бад будааст ва ё падар шахси бад аст.

Падару модар ҳамеша хубу беҳтаринанд, аммо гоҳҳо ин беҳтаринҳо аз ҳам ҷудо мегарданд.

Вақте пеш аз ҳам ҷудо гаштан, зану шавҳар бо фарзандони бузурги худ сӯҳбат мекунанд, эхсоси фарзандон нисбати яке аз волидон тағйир намеёбад. Падару модарам аз ҳам ҷудо гаштанд аммо ҳардуро дӯст медорам гӯён, изҳор мекунад.

Талоқ ба ҳар навъе, ки бошад ба фарзандони ба синни дарк расида сахттарин зарбаи тақдир аст. Аз бузургтарин зарари талоқ ин аст, ки фарзанд мисли пештара бо яке аз азизтарин шахсони худ падар ва ё модар дар як хона зиндагӣ намекунад. Бояд аз яки онҳо дур зиндагӣ кунад. Ҷудо гаштани волидон умедҳои фарзандро ҳадар медиҳад, баъзан ҳатто худро гунаҳгори ин фалокат медонад. Шояд барои ҳамешагӣ боварӣ кардан ба наздиконро бас кунад. Шояд тамоми умр бо тарси он ки боз нафари дигаре аз ӯ дур мешавад ва ӯро тарк мекунад, дар вуҷудаш боқӣ монад.

Мусибати талоқ барои фарзандон хеле сахт аст, аммо сахттар аз он, ин аст, ки вақте падару модар фарзандро, ҳамчун силоҳ бар зидди дигари истифода кунанд.

Модаре, ки шавҳараш ӯро талоқ дод, ба фарзандон падарро, ҳамчун сабабгори аслии талоқ вонамуд кунад. Падарат туро партофт! Падарат туро дӯст намедорад! Агар қадри туро медонист, асло ҷудо намешуд гӯён, падарро ба фарзандон сиёҳ кунад.

Ва ё баръакс, агар фарзандон бо падар бимонанд, падар, модари бадат шумаро тарк карду рафт, аз шумо безор аст гӯён, фарзандонро нисбати модари худ мутанаффир созад.

Аксарияти  фарзандон бо ҷудо шудани падару модари худ нисбати яке аз онҳо бадбин мегарданд, ҳол он ки дустдории волидон як амри фитрӣ мебошад. Яке аз волидони ҷудо гашта он қадар ба гӯши фарзанд мехонад, ки фарзанд дар вуҷуди падари худ ва ё модари худ тамоми бадбахтии худро мебинад. 

Боре бо хоҳаре суҳбат мекардам, ба ҷуз бадӣ аз падараш чизе намегуфт, вақте сабаби ин ҳама нафрати ӯ нисбати падарашро пурсидам ба ман гуфт: “Дар чордаҳ солагиам падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд ва ман бо модарам мондам ва алъон бистсола ҳастам ва боре ҳам пас аз ҷудоӣ бо падарам мулоқот накардаам”.

 Аҷиб он буд, ки духтарак ҳеҷ як хубии падарро дар ёд гӯё, ки надошт. Агар то чордаҳсолагӣ бо падару модараш якҷоя зиндагӣ карда бошад, тули чордаҳ сол ҳеҷ хубие меҳру муҳаббате аз падар надидааст. Вақте пурсидам сабаби ҷудо шудани падару модарат дар чист? Сабабгори аслӣ ва ягонаро падараш муаррифӣ кард, гуфт: “Падарам булҳавасу занбоз буд ва ба зани дигаре ошиқ шуду моро тарк кард”. Ба ӯ гуфтам инҳоро аз модарат шунидаӣ, шояд падарат барои талоқ додан, далоили дигаре дошта бошад. Акнун, ки худат модар ҳастӣ фарзанд дорӣ, аз ҳаёти оилавӣ дарак дорӣ, бо падарат сӯҳбат кун, шояд бо шунидани суханҳои падарат аз асли масъала бархурдор шавӣ. Шояд ҳам дар ҳақиқат падарат айбдор ҳасту модарат ҳеҷ айбе надорад, аммо чӣ ҷои мушкилӣ дорад бо падарат оштӣ кунӣ силаи раҳмро барқарор намоӣ. Охир Дини мо қатъи хешутабориро гуноҳи кабира медонад. Паёмбар фармудаанд: 

لا يدخل الجنة القاطع

Ҳар касе, ки пайванди хешутабориро қатъ мекунад, дохили ҷаннат намешавад. 

Албатта, аввалин хешовандон, онҳое, ки ба силаи раҳм ҳақдор ҳастанд, волидон ҳастанд. Вақте ба ӯ насиҳат кардам, каме фикр кард, сипас гуфт: Агар ба назди падарам рафтам ва бо ӯ суҳбат кардам ва ҳатто салом додам, модарам асло маро намебахшад. 

Ана ин буд, натиҷаи сиёҳ кардани падар ба фарзандон пас аз талоқ. 

Баръакси ин хоҳареро медонам, ки дар кӯчакиаш падару модараш аз ҳам ҷудо гаштаанд. Пас аз шашсолагӣ падари худро надидааст. Аммо ба ҷуз хубиву таъриф аз падари худ чизи дигареро ҳикоят намекунад. Вақте сабаби аз падар зиндаятим монданашро мепурсед, ҷавоб медиҳад, ки падари ӯ хеле инсони хуб буд, аммо боре хонуми баде омаду бо фиребу найранг падари ӯро бо худ бурд. Агар найранги он хонум намебуд, падараш асло онҳоро тарк намекард. Шумо фикр мекунад ин духтарак чаро нисбати падари худ ба ҷуз муҳаббати фарзандӣ чизи дигареро надорад. Ҳанӯз хотираҳояш пур аз навозишҳои падари ӯро тарк кардааш, ҳаст?

Чун модари ин духтарак ақли духтаракро бо бадгӯиҳо, нисбати шавҳари ҷудо гаштааш, пур накардааст. То ки падар ҳамеша дар зеҳни фарзандаш қаҳрамон боқӣ монад.

Талоқ амрест, ки баъзан ҳатман воқеъ мегардад. Нагузоред ба сабаби шумо фарзанд то охири умр аз падари худ ва ё модари худ, ки замоне ҳамсари шумо буд, ҷудо гардад, мутанаффиру бадбин бошад. Ҷудо гаштани зану шавҳар ҷудо гаштани фарзанду модар ва ё фарзанду падар нест, бигзор алоқаи фарзандӣ пойдор бимонад.

Муслима Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>