Нархи миёнаи пули миллии тоҷикӣ дар муомилоти миёни бонкҳо мисли дирӯза муътадил 9 сомониву 69 дирам муодили 1 доллари ИМА муайян шуд.
Ба асоси иттилои Бонки миллӣ, ба нархи миёна 15 дирам баробари 1 рубл муайян шудааст. Коҳиши нархи евро нисбат ба охири ҳафтаи гузашта ба мушоҳида мерасад. 10 сомониву 79 дирам баробари 1 евро муаян шудаст.
***
Ба гузориши сойти маводди хоми Нюйорк, баҳои нафт рӯзи ҷумъа дар муъомилоти биржаҳои муҳимми ҷаҳон афзойиш ёфт.
Нархи миёнгини фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар бурсҳои Inter Continental Exchange (ICE) – ICE Brent Crude Futures-и Лондон 61доллару 69 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгини ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар бурсҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 56 доллару 20 сент муъомила шуд.
***
Коҳиши нархи тилло нисбат ба охири ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шуд.. Баҳои ҳар унс тилло дар муомилоти миёни бонкҳои Лондон 1508 доллару 80 сент муомила шуд.
Арзиши ҳар унс тилло дар муқойиса бо тасбити субҳи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 1доллару 10 сент коҳиш ёфт.
Арзиши ҳар унс тилло ба арзҳои муҳимми хориҷӣ, аз ҷумла, евро 1351,28 ва пунди инглис 1164,49 муъомила шуд.
Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соъати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натоиҷи тасбит ба уънвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ ниҳоди дороӣ ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.
*****
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Қувайт ахиран дар ин кишвар бо аъзои мудирияти Бунёди рушди иқтисодии арабии Қувайт таҳти раёсати Абдулваҳҳоб Ал Бадр, мудири кулли ин бунёд вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ кард.
Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии ҶТ, тарафҳо роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ, беҳсозии фаъолияти сармоягузорӣ ва дигар масоъили мавриди алоқаи ҳамдигарро баррасӣ карданд.
Мусоҳибон дар мулоқот бар саҳми чашмгири Бунёд дар амалисозии тарҳҳои иқтисодӣ, таробарӣ, энержӣ ва зарфияти сармоягузории Тоҷикистон таъкид карданд.
*****
Сарвазири Русия ташаббуси Қазоқистонро мабнӣ ба истифодаи пулҳои миллӣ дар муомилот дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай пуштибонӣ кард.
Дмитрий Медведев рӯзи 2 ноябр дар ҳамоиши сарвазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гуфт, бояд роҳҳои татбиқи пешниҳоди Қазоқистон барои анҷоми муомилот бо пулҳои миллӣ коркард шавад ва роҳҳои халосӣ аз гирифторӣ ба долларро ҷуст.
Сарвазири Русия коршиносони бахшҳои молӣ ва бонкҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро даъват кард, дар мизи мудаввар дар ин замина, ки дар авоили соли оянда дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд, ширкат кунанд.
Медведев гуфт, ки Русия тарҳи Консепсияи ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай дар самти рушди деҳот ва манотиқи дурафтода дар замони муосирро таҳия кардааст ва дар назар аст дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай дар шаҳри Санкт-Петербург дар моҳи июли соли 2020 баррасӣ шавад.
Феълан Чин, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай маҳсуб мешаванд.