Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вокуниши риёсатҷумҳурии Туркия ба гузориши Амрико дар бораи терроризм

$
0
0

Туркия дар вокуниш ба адами зикри номҳои гурӯҳҳои дар ин кишвар террористӣ эълоншудаи ФЕТО ва ИПГ ва шохаи сиёсии он ПЙД дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи терроризм дар соли 2018 тасреҳ кард, ки ин яке аз боризтарин намунаи рӯйкарди дугона нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ аст. 

Дар пайи нишасти кобинаи риёсатҷумҳурии Туркия, ки ба риёсати Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд, баёнияе дар робита бо гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи терроризм дар сол 2018 мунташир ва тасреҳ шуд: адами зикри номҳои гурӯҳҳои террористи ФЕТО ва ИПГ ва шохаи сиёсии он ПЙД, ки ҳар ду шохаи гурӯҳи террористии ПКК дар Сурия ҳастанд, дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи терроризм дар соли 2018, яке аз боризтарин намунаи рӯйкарди дугона нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ аст. 

Дар ин баёния омадааст: Туркия аз соли 1984 то кунун бидуни ҳеҷ вақфае бо терроризми ҷудоиталабӣ мубориза кардааст. Туркия дар маърази ҳамалоти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ дар сатҳи ҷаҳон аз ҷумла Осло қарор доштааст. Дар солҳои ахир, бурузи буҳрони инсонӣ дар Сурия илова бар Доъиш мунҷар ба ташкил ИПГ, шохаи гурӯҳи террористии ПКК дар минтақаи мо шудааст. 

Ҳамчунин дар идомаи баёния тасреҳ шудааст: Туркия дар айни ҳол, ки мизбони ҳудуди чаҳор миллион паноҳҷуён аст бо гурӯҳҳои террористӣ низ мубориза мекунад. Тайи амалиётҳои дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ ҳамчун “Сипари Фурот”, “Шохаи зайтун” ва “Чашмаи сулҳ” манотиқи бисёреро аз вуҷуди террористҳои Доъиш, ПКК ва ИПГ поксозӣ карда ва бисёре аз онҳоро ба ҳалокат расондем. Ҳамчунин бо фирқаи террористии ФЕТО, ки омили кудатои нофирҷоми 15 июл аст низ муборизаи бисёр муваффақе пеш бурдаем. 

Ҳамчунин таъкид шудааст: Ҳар гоми Туркия дар ростои мубориза бо терроризм ва хунсо кардани террористҳо аст. Ин муборизаи Туркия, илова бар таъмини амнияти марзии худ дар ростои сулҳ ва ояндаи ҳама дӯстонаш, ба вижа муттаҳидинаш дар НАТО сурат мегирад. Бо ин ҳол, номи гурӯҳи террористии ФЕТО ва ИПГ ва шохаи сиёсии он ПЙД, ки ҳар ду шохаи гурӯҳи террористи ПКК  дар Сурия ҳастанд, дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи терроризм дар соли 2018 зикр нашудааст, ки ин яке аз боризтарин намунаи рӯйкарди дугона нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ аст. 

Дар идома омадааст: Иёлоти муттаҳида, ки бо истинод ба зарурати мубориза бо терроризм дар саросар ҷаҳон фаъолият мекунад, баъд аз ин гузориш дигар дар заминаи терроризм ҳарфе барои гуфтан ба касе надорад. Туркия бо азми росих ба муборизаи худ бо тамоми гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла Доъиш, ПКК, ФЕТО ва ПЙД идома хоҳад дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>