Давлати Туркия эълом кард, ки муваффақ ба дастгирии хоҳари Абубакри Бағдодӣ дар шимоли Сурия шудааст. Бозҷӯӣ аз ӯ ва ҳамсараш оғоз шудааст. Туркия дастгирии хоҳари раҳбари Доъишро як муваффақияти бузург хондааст.
Расмия Уод, хоҳари 65 солаи Абубакри Бағдодӣ рӯзи душанбе 4 ноябр дар шаҳри Эъзоз, воқеъ дар шимоли Сурия дастгир шудааст. Ин хабар тавассути яке аз масъулони аршади Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигори Ройтерз расонаӣ шудааст.
Шаҳри Эъзоз, яке аз шаҳрҳои марзӣ воқеъ дар шимоли Сурия аст, ки дар лаҳзаи ҳозир контроли онро нерӯҳои Туркия бар ӯҳда доранд.
Расмия Уод ба ҳангоми дастгирии худ бо панҷ кӯдак ҳамроҳ будааст. Гуфта мешавад ҳамсар ва арӯси хоҳари Бағдодӣ низ дастгир шудаанд. Бозҷӯӣ аз онҳо оғоз шудааст.
Ин мақоми аршади Туркия ба хабарнигори Ройтерз гуфтааст, ки таҳқиқот ва бозҷӯӣ аз ин афрод метавонад иттилооти дақиқтаре перомуни чигунагии фаъолият ва созмондиҳии Доъиш дар ихтиёри мақомоти амниятӣ қарор диҳад.
Хабаргузории Ройтерз дар идомаи гузориши худ навиштааст, ки иттилооти бисёр ночизе дар бораи Расмия Уод мавҷуд аст ва аз ин рӯ, хабарнигори ин хабаргузорӣ қодир ба таъйиди сареъи ҳувияти хоҳари Бағдодӣ нашудааст.
Абубакри Бағдодӣ моҳи гузашта дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои низомии Амрико дар як нақб иқдом ба худкушӣ карда буд. Доъиш низ панҷшанбе 31 октябр бо интишори як паёми савтӣ хабари кушта шудани раҳбари худро таъйид карда ва дар айни ҳол эълом карда буд, ки аз Амрико интиқом хоҳад гирифт.
Туркия ва хабари дастгирии Расмия Уод
Фараҳуддин Олатун, вазири иртибототи Туркия дастгирии хоҳари Бағдодиро нишонае аз азми Туркия дар тадовуми муборизаи худ алайҳи Доъиш эълом кардааст.
Фараҳуддин Олатун бомдоди сешанбе панҷуми ноябр бо интишори як пости твитерӣ эълом карда, ки дастгирии хоҳари Бағдодӣ дар айни ҳол ҳикоят аз амалкарди муваффақиятомези амалиёти зиддитеррористии Туркия дорад.
Ӯ бо интишори ин хабар аз “таблиғоти масмумӣ”, ки алайҳи Туркия дар иртибот бо мубориза бо Доъиш мунташир шударо беасос хонд. Вазири иртибототи Туркия гуфтааст:
“Тардиде дар ҳамкории қудратманди воҳидҳои зиддитеррори Туркия бо муттаҳидони худ вуҷуд надорад.” Туркия дастгирии хоҳари Абубакри Бағдодиро кашфи як “маъдани тилло” хондааст.