Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кабирӣ: бедории ҷадиди миллатро набояд ба нокомӣ кашид

$
0
0

Мухиддин Кабирӣ раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар мусоҳибаи охирини худ бо CATV-и Осиёи Марказӣ, ки зоҳиран дар пойтахти Лаҳистон барпо шуд аз вазъи кунунии кишвару мардуми Тоҷикистон, аз бедории сиёсӣ, насли нави муборизон ва дахолати хориҷиён сӯҳбат кард.

Ин мусоҳиба, ки зиёда аз як соат тӯл кашидасту  ҳоло дар ютуб канали ин хабаргузори дастрас аст, боз дигар масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад.

 Аз ҷумла раиси ПМТ дар ин мусоҳиба таъкид бар он кард, ки имрӯзҳо “насли нави ҷавонон ба саҳна омаданд, инҳо доранд майдондорӣ мекунанд”. Ӯ ин ҷавононро, ки ба тозагӣ  вориди саҳнаи муборизаи сиёсӣ шудаанду мардум бештар бар онҳо гӯш медиҳанд, гуфт на “ормонгаро” балки “воқеъбин” ҳастанд.

Оиди бедории миллат Кабирӣ арз кард, ки “имрӯз миллат худ дарк кард, ки агар худаш шарик нашавад дар мубориза, касе наметавонад вазъияти ӯро тағйир диҳад”. Ӯ дар давоми суханрониаш гуфт, ки на ҲНИТ, на ПМТ, на ягон дигар созмону ҳаракат дар танҳогӣ наметавонад ба чизе муяссар гардад.

 Аз рӯи гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ миллат дорад дубора бедор мешавад ва “ин бедории ҷадиди миллатро набояд ба нокомӣ кашид”.

Ба суоли мухбири CATV оиди нақши созмонҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатӣ барои пешравӣ ва бехбудии вазъи сиёсии Тоҷикистон, раиси ПМТ ва ҳамзамон раиси ҲНИТ таъкид бар он дошт, ки “тағйири вазъи кишвар бояд аз ҷониби худи миллат бошад на аз хориҷиҳо. Ин созмонҳо ва сафоратхонаҳои хориҷӣ танҳо метавонанд нақши миёнҷигариро иҷро кунанд”, – давом дод роҳбари мухолифони тоҷик, ки аз ҷониби аксари коршиносони чи дохиливу чи хориҷӣ як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва бо дидгоҳи мудерни эътирофшудаи тоҷик мебошад.

Ӯ дар дар давоми матлаб аз гузаштаи таърих хотиррасон карда  ва илова кард, ки “хориҷиҳо болои Тоҷикистон барнома надоранд ва набояд дошта бошанд”

Оиди ояндаи Тоҷикистон роҳбари ПМТ бар ин назар аст, ки ояндаи Тоҷикистонро бояд худи  миллати тоҷик бо як гуфтугӯи миллӣ ҳал кунад, на дар долонҳои байналмилалӣ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>