Қисамате аз ин кишвар дар минтақаи Осиё ва қисмате дигар дар Аврупо воқеъ гаштааст. Масоҳати умумиаш 783 562 км мураббаъ мебошад. Аз ҷониби шарқ бо давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ирон ҳамсарҳад аст. Аз ҷануб Ироқу Шом ва аз ғарб бо Булғор ва Юнон. Кишвар ба 81 музофот, ё худ систон тақсим шудааст, ки дар ҳар кадоми онҳо маркази маъмурист. Тибқи маълумоти департаменти омор, дар Туркия зиёда аз шашсад шаҳр бо беш аз 7 ҳазор аҳолӣ вуҷуд дорад. Шаҳрҳои калонтаринаш Стамбул, Анкара, Измир, Бурса, Адана, Анталья, Конья ва ғайра. Саршумори аҳолӣ 84 895 619 нафар буда, худи ҳамин сол 1 405 966 нафар зиёд шуд. Қисми асосии шумори аҳолиро туркҳо (78%) ташкил медиҳанд, тақрибан 11% аҳолӣ курдҳо ва тақрибан 4 миллион аҳолӣ юнониёнанд. Боқимонда аҳолии Туркия аз арабҳо, армянҳо, яҳудиён, черкесҳо ва дигар халқиятҳо иборатанд. Пули миллӣ лираи туркӣ, коди телефон +90. Забони расмии давлати туркӣ, дар баъзе минтақаҳо курдӣ, озарӣ, гагаузӣ, кабардиёнӣ ва ғайра истифода мешаванд. Алифбои истифодашаванда лотинӣ. Дар макотиб забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ омӯзонида мешавад.
Дар айни замон аксари мардуми Туркия пайравони дини исломанд, дақиқтар карда гӯем 97 фисад. Аз ин миқдор 77% суннимазҳабон ва 20 фоиз шиамазҳабон. Ба ғайр аз мусалмонон, насрониҳои православии юнонӣ, арманӣ ва суриёӣ, инчунин яҳудиён низ ин ҷо озодона дини худро пайравӣ доранд. Умуман интихоби дин озод аст.
Сохти давлатдориаш демократӣ. Ҳокимияти қонунбарор мутааллиқи парлумони якпалатагӣ – Маҷлиси миллӣ аст, ки аз 600 вакил иборат гардида, ки ҳар кадоме ба мӯҳлати 5 сол ба таври интихоботи умумӣ интихоб карда мешаванд. Қаблан, сарвари давлат, Президенти Ҷумхурӣ (Ҷумхурбашканы) аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб шуда, вазифаҳои намояндагиро иҷро мекард. Ҳокимияти иҷроия ба Шӯрои вазирон (Баканлар Курулу), таҳти роҳбарии сарвазир вогузор карда мешавад. Айни ҳол вазифаи президентиро дар кишвар Раҷаб Тайил Эрдуғон бар дӯш дорад. Туркия аз соли 1952 узви НАТО, аз соли 2000 номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Маориф
Дар Туркия бахши маориф таҳти сарпарастӣ ва назорати давлат қарор дорад. Тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Туркия, ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқ дорад. Таълими ибтидоӣ дар мактабҳои давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон аст. Таҳсили ҳатмӣ дар Туркия 12 сол давом мекунад. Таълими ибтидоӣ ва миёна аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешавад ва дар мактабҳои давлатӣ толибилмонро аз синни аз 6 то 18-сола фаро мегиранд. Маълумоти миёнаи пурра доштан барои қабулшавӣ ба донишкадаҳои олӣ ҳатмист. То соли 2011 дар Туркия 166 донишгоҳ мавҷуд буд. Аввалин донишгоҳ дар ин ҷо ҳанӯз дар асрҳои 15 таъсис ёфта буд. Имрӯзҳо донишгоҳҳои Туркия аз ҷониби коршиносон баҳои баланд мегиранд: Туркия ба қатори 50 системаи қавии таҳсилоти олии ҷаҳон дохил мешавад. Ҳукумати Туркия мекӯшад, ки маълумоти олиро дар кишвар ба стандартҳои донишгоҳҳои аврупоӣ мувофиқ созад, то системаи донишгоҳҳои Туркия ба системаи Болония дохил карда шаванд.
Нақлиёт
Ҳамаи шаҳрҳои калонтарини Туркия бо нақлиёти ҳавоӣ таъминанд ва фурудгоҳҳои Истамбул (Ататурк) ва Анқара (Эсенбога) қариб бо тамоми дунё самти парвоз доранд. Умуман фурудгоҳҳои калонтаринаш 9 адад мебошанд.
Қатораҳои роҳи оҳан ва киштиву бандаргоҳи роҳҳои обӣ, инчунин нақлиёти мусофирбари хушкигард хизматрасонии сифатан аъло ва арзонро барои муштариён пешкаш намудааст. Дар як худи роҳи оҳан, ки дарозтаринаш 10 ҳазору 991 км мебошад, 25 593 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Ҳарчанд Туркия давлати исломӣ нест, аммо мардумонаш ба удуми динӣ муносибати хеле ҳам самимонае доранд. Пӯшиши исломӣ, риояи қонунҳои шариат ин ҷо хуб ба назар мерасад. Дар қатори дигар иду айёмҳои давлатӣ идҳои динии Фитр ва Қурбон бисёр ҳам бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Давоми марҳилаи рӯзадории мардум, ба хотири эҳтироми дин дар ягон фурӯшгоҳ нӯшокиҳои сархушкунанда фурӯхта намешаванд. Маъмурини коргоҳҳо низ кормандонро дар ин моҳ барвақттар аз вақти муқарраргардида рухсати рафтан медиҳанд, то барои ифтор омодагӣ бинанд. Дастурхони ифтории ройгон ҳар рӯз дар ҳамаи масоҷид густарда мешавад. Агар дар моҳи рамазон меҳмони Туркия шавед, давоми рӯз ҳамаи ошхонаву тарабхонаҳо дарбастаанд.
Иқтисодиёт
Аслан бояд тан гирифт, ки пешрафти иқтисодиву фарҳангии ин кишварро заминагузор империя-салтанати Усмониён аст. Зеро бо тарзи дурусту оламшумулаш қариб нисф зиёди дунёро фаро гирифта буд ва марказ ҳамин Туркия ҳисобида мешуд.
Иқтисодиёти Туркия яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон аст. Иқтисодиёти диверсификатсияшуда, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, нерӯи кории ҷавон ва арзон ва вуруди сармояи хориҷӣ иқтисодиёти кишварро ба яке аз қавитарин минтақа табдил доданд.Туркия яке аз пешсафони ҷаҳон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ, мошин ва қисмҳои эҳтиётӣ, киштиҳои баҳрӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва техникаи маишӣ мебошад.Ҳиссаи саноат дар иқтисодиёти кишвар тақрибан 33%, кишоварзӣ 9%, хизматрасонӣ 58% аст Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ, вазни калонтарин ба соҳаи истеҳсолӣ рост меояд (84%, аз ҷумла сохтмон). Саноати нассоҷӣ, чарм, хӯрокворӣ, кимиёвӣ, дорусозӣ, энергетика, металлургия, киштисозӣ, мошинсозӣ ва маишӣ тараққӣ мекунанд. Самти хеле босуръат рушдёбанда ин соҳаи сайёҳӣ аст.
Ҳоло тибқи нишондоди мутахассисон Туркия 27-умин зинаи иқтисоди мураккабу бузурги содиротии ҷаҳонро дар қатори мамолики ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта соҳиб шудааст.
Содироти беҳтарини Туркия мошинҳо (13,2 миллиард доллар), тилло (6,96 миллиард доллар), мошинҳои боркаш (5,04 миллиард доллар), мошин қисмҳо (4,64 миллиард доллар) ва ҷавоҳирот (3,39 миллиард доллар), бо истифода аз соли 1992 мебошанд. таҷдиди таснифи HS (Системаи ҳамоҳангшуда) Воридоти беҳтарини он: Gold (17,1 миллиард доллар), Нефть (9,8 миллиард доллар), Автомобилҳо (8,78 миллиард доллар), Auto Parts (6,34 миллиард доллар) ва Metal (5.84 миллиард доллар).
Намоёнтарин самтҳои содиротӣ Туркия Олмон (17,4 миллиард доллар), Британияи Кабир (10,1 миллиард доллар), Италия (9,4 миллиард доллар), Аморати Муттаҳидаи Араб (9,2 миллиард доллар) ва Ироқ (9,1 миллиард доллар) мебошанд. Сарчашмаҳои беҳтарини воридотӣ Чин (23 миллиард доллар), Олмон (22,5 миллиард доллар), Русия (13,2 миллиард доллар), Италия (11,4 миллиард доллар) ва ИМА (11,3 миллиард доллар) мебошанд. ММД 766, 51 миллиард долларро ташкил дод, ки бар сари ҳар нафар аҳолии кишвар 15 ҳазору 26 доллар рост меояд.
Соима Саидӣ