Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Додситонии Белорус додани Фарҳод Однаев ба Тоҷикистонро рад кард

$
0
0

Имрӯз, 5 ноябр Додситонии кулли Белорус қарор кард дархости ҷониби Тоҷикистон оид ба истирдоди Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва раҳбари собиқи шабакаи телевизионии САТВ рад крада шавад. Дар ин бора созмони белорусии ҳуқуқи башар Хюман Константа хабар додааст. 

“Мо ин қарорро, ки бо дарназардошти додхостҳои ҷониби ҳимоя оиди хатари шиканҷа ва таъқиб дар сурати истирдод қабул гардид, таҳсин мекунем” – омаддаст дар изҳороти созмони белоруси.

Хюман Константа ҳамчунин ба тамоми созмонҳову фаъолони ҷамъиятӣ, ки дар қазияи Фарҳод Одинаев бетараф набуданд, изҳори сипос намуда, гуфтаас:

Мо хеле умед мебандем, ки Фарҳод давоми як шабонарӯзи дигар аз боздоштгоҳи шаҳри Гродно озод мегардад ва ба истирдоди маҷбурӣ рӯбарӯ намешавад, чуноне, ки Парвиз Турсунов озод шуда буд. Мо ба бехатарии комили Фарҳод дар сурати истирдодаш ба Русия низ бовар надорем. 

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи башар Надежда Атаева ба Паём гуфт, ки Додситонии кулли Белорус истирдоди Одинаевро танҳо ба Тоҷикистон рад кардааст ва имкони истирдодаш ба Русия ҳанӯз боқӣ мемонад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>