Ривоят мекунанд, шабе ҳазрати Умар писари Хаттоб ҳамроҳи ходимаш Солим (Худо аз онҳо розӣ бод) дар кӯчаҳои Мадина мегашту аҳволи мардумро ҷӯё мешуд.
Амирулмӯъмин ва халифаи Расули Раббилъоламин (Худо аз ӯ розӣ бод) хаста шуду ба девори хонае такя зад, то куфти роҳашро барорад. Ҳамон замон садои соҳибхоназан баромад, ки хитоб ба духтараш мегуфд: “дар шир каме об ҳамроҳ кун!” Духтараш посухаш дод:
– Магар нашунидӣ, ки Умар писари Хаттоб (Худо аз ӯ розӣ бод) чунин кореро манъ кардааст? Ман чунин кореро анҷом намедиҳам. Модар ба духтараш гуфт:
-Рафта дар шир каме об бирез, дар ин вақти шаб не Умар туро мебинаду на гумошта ва ё намояндаи Умар аз ин кори ту огоҳ мешаванд. Духтар инро шунида хитоб ба модараш гуфт:
– Ба Худо қасам, ман ошкоро (дар рӯз) халифаи Расули Худоро (Худо аз ӯ розӣ бод) нофармонӣ намекунам, пинҳонӣ (дар дили шаб) ҳам ӯро нофармонӣ намекунам!
Ҳазрати Амралмуъминин (Худо аз ӯ розӣ бод) аз ҷоя хесту ба Солим гуфт, ки пушти дари ин хона як нишона гузор ва гашти шабонаашонро идома доданд…
Ҳазрати Умар (Худо аз ӯ розӣ бод) субҳ ба Солим амр кард, ки рафта аз аҳволи он соҳибхоназан ва духтараш огоҳ шавад, ки кӣ ҳастанд ва чикора мебошанд?
Солим рафта, аҳволи онҳоро дақиқ карда, омада ба халифаи мусалмонон арз мекунад, ки шавҳари он зан вафот кардааст, ва он духтар муҷаррад асту ҳамроҳи модараш шир мефурӯшанд.
Ҳазрати Умар(Худо аз ӯ розӣ бод) бо шунидани ин хабар ба хонааш рафта, тамоми фарзандонашро ҷамъ карда мегӯяд: кадоме аз шумо зан гирифтан мехоҳад? Ман як духтареро сӯроғ дорам, ки чунин асту чунон…(духтарро ба писаронаш таърифу тавсиф мекунад) Писараш Осим, ки муҷаррад буд, арз мекунад, ки ай падари бузургворам, ман зан надорам, ман ҳақдортарам, ки он духтарро ба занӣ бигирам.
Амирулмӯъминин бо шунидани ҳарфҳои писараш Осим хушҳол шуда, ҳамоно ба хонаи он зан барои духтараш хостгоре фиристод. Соҳибхона розӣ шуду духтару писар бо ҳам издивоҷ карднанд.
Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби як духтар мешаванд. Ин духтари онҳо низ вақте қадрас мешавад, Абдулъазиз писари Марвон бо он издивоҷ мекунад ва фарзанадаш Умар писари Абдулазиз, халифаи панҷуми мусалмонон ҳам ҳосили он издивоҷ мегардад…Умар бин Абдулъазиз абераи Умар писари Хаттоб [Худо аз онҳо розӣ бод] аст.
Эзоҳ:
Ҳосили луқмаи ҳалол ҳалолзодааст ва нафъаш ба ҳама мерасад, аммо, ҳосили луқмаи ҳаром….
Худо аз луқмаи ҳаром паноҳ диҳад, омин!
Соима Саидӣ