Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Амрико: Эрон, масъули вазъияти кунунии Ироқ ва Лубнон аст

$
0
0

Вазири умури хориҷаи Амрико, Эронро масъули мушкилоти кунунии Ироқ ва Лубнон, ки мунҷар ба эътирозоти шадиди мардумӣ шудааст, донист. 

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар твиттери худ навишт: Эрон масъули мушкилоти Ироқ ва Лубнон, ки мунҷар ба эътирозоти шадиди мардумӣ шудааст, ба шумор меравад. 

Вай зимни ишора ба оғози таҷаммӯъоти мардумӣ дар Ироқ ва Лубнон дар эътироз ба бекорӣ, фасоди молӣ ва камбуди хадамоти матлуб, изҳор дошт: 

“Мардуми Ироқ ва Лубнон мехоҳанд кишварашонро бозпас гиранд. Онон дарёфтаанд, ки ҳукумати Эрон ба баҳонаи инқилоб, фасодро ба кишварашон содир мекунад. Ҳадафи мардуми Ироқ ва Лубнон ин аст, ки хатти машйи худро аз дахолатҳои Алии Хоманаӣ ҷудо кунанд.” 

Гуфтанист мавҷи дувуми тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ аз 25 октябр оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад. 

Ироқиҳо аз якуми октябри гузашта низ ба муддати як ҳафта дар эътироз ба фасод, бекорӣ ва камбуди хадамоти умумӣ дар Бағдод ва шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар тазоҳурот карданд. 

Нерӯҳои амниятии Ироқ дар бархурд бо мӯътаризон аз гулӯлаҳои ҷангӣ ва гази ашковар истифода карданд. То кунун дар ин тазоҳурот беш аз 260 нафар кушта ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд. 

Таҷаммӯъоти мардуми Лубнон дар эътироз ба вазъияти нобасомони иқтисодӣ ва вазъи молиётҳои ҷадид дар 17 октябр 2019 дар Бейрут оғоз шуд. Ин эътирозот ба суръат ба хиёбонҳои марказии ин шаҳр ба вежа майдони Риёзуссолеҳ, ки мақари нахуствазири Лубнон дар он қарор дорад, кашида шуд. 

Мӯътаризон ва ҳаводорони Ҳизбуллоҳ бо ҳам даргир шудаанд. Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари ин гурӯҳ низ чанд рӯз пеш хитоб ба ҳаводорони худ гуфт: Вазъияти мавҷуд дар Лубнон дигар вориди доираи аҳдофи сиёсии байналмилалӣ ва минтақаӣ шудааст. 

Мишел Авн, раисҷумҳури Лубнон рӯзи 30 октябр бо қабули истеъфои Саъд Ал-Ҳарирӣ, нахуствазири ин кишвар аз вай хост то ташкили давлати ҷадид ба масъулияти худ идома диҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>