Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

200 км то ҳадаф. Ё аввалин шубуҳот дар “ҳамлаи ДОИШ”ба дидбонгоҳ

$
0
0

Вуқӯъи як “ҳамлаи террористӣ”-и пурқурбонӣ ба посгоҳи марзӣ дар аснои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва шарҳи ду ниҳоди қудратӣ – КДАМ ва ВКД аз он, аллакай шубҳаву суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Аз аввалин изҳороти ин ду мақом норабтиҳо падид омада, торафт бештар мешаванд. 

Кӯмаки “террористон” ба Раҳмон

Пеш аз ҳама рух додани  чунин ҳодисаи пурқурбонӣ замоне, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар Аврупо қарор дорад ҷои суол аст. Раҳмон ҳамеша кӯшидааст ҷаҳониёнро бовар кунонад, ки дар Тоҷикистон хатари терроризм бисёр бузург аст ва бояд ҷаҳониён дар мубориза бо он аз ӯ дастгирӣ кунанд ва кӯмак намоянд. Террористӣ эълон кардани ҲНИТ дар замоне, ки ҳама аз терроризму мубориза бо он мегӯянд ҳам бо ҳадафи ба як тир задани ду нишон буд, ки муваффақ нашуд. Ҳатто ҳамлаи Данғара ба сайёҳон аз кишварҳои абарқудрат, ки ДОИШ ҳам ба дӯш гирифт, ба Раҳмон кӯмак накард. Ҳоло ӯ дар қалби Аврупо қарор дорад ва аз терроризм мегӯяд. Айнан дар ҳамин вақт “террористон” ба кӯмаки ӯ мешитобанд ва ба посгоҳи марзии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла мекунанд. Магар далеле беҳтар аз ин барои собит кардани ҳарфҳои Раҳмон дар Аврупо вуҷуд дошта метавонад?

Ҳамлае, ки дар он 15 террорист (1) ва як пулису як сарҳадбон кушта шуд, наметавонад аз чашми расонаҳои ҷаҳонӣ пинҳон омад. Ин ҳодиса бозтоби густардае дар расонаҳои ҷаҳон хоҳад дошт. Чанд расонаи маъруф, аз ҷумла ВВС аз он аллакай гузоиш додаанд. Эмомалӣ Раҳмон метавонад навиштаҳои ин расонаҳоро ба рӯи ҳамтоёни аврупоияш бикашад ва  бигӯяд “шумо ҳарфҳои маро ба масхара гирифта будед, мана бубинед!”.

Доишиҳои ноӯҳдабаро

ДОИШ ҳамеша аз сатҳи бисёр баланди касбии сарбозонаш болидааст. Ҷангҷӯёни ин созмон амалиётҳои бисёр муваффақе дар қиболи артишҳои тавонову ҷангдидае чун артишҳои Ироқу Сурия, Афғонистон ва ҳатто Амрикову Русия анҷом додааст. Пирӯзии абарқудратҳо бар ин созмон асосан бо истифода аз силоҳҳои вазнини ҷангӣ таъмин гардидааст. Дар чангҳои рӯбарӯ ин созмон дар аксар ҳолат бо муваффақияти тамом алайҳи беҳтарин артишҳои ҷаҳон меҷангад. Дар ҳамин ҳол, пулису сарҳадбонони бетаҷриаи Тоҷикистон, ки ҳатто барои машқи тирпарронӣ тири холӣ надоранд, алайҳи як гурӯҳи бузурги ин созмон бо додани ҳамагӣ ду қурбониву гирифтани 15, пирӯз мешаванд.   

Имкони ин ки ин созмон ба қалби Тоҷикистон як гурӯҳи камтаҷрибаи нотавонеро фиристода бошад, бисёр ночиз аст. Баръакс, дар чунин амалиётҳо аз гурӯҳҳои вижа ва бисёр пуртаҷриба кор гирифта мешавад. Ба ин “муваффақият”-и ВКД ва КДАМ Тоҷикистон бояд тамоми гурӯҳҳои вижаи артишҳои муваффақи ҷаҳон ҳасад баранд. 

200 километр то ҳадаф

 Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар изҳороти дуввумаш, ки баъди дастгир шудани 5 доишӣ ва “иқрор”-и онҳо нашр шудааст мегӯяд “гуруҳи мусаллаҳи террористӣ, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус, бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”.

Инҷо ҳатто ба зеҳни хонандаи мактаб чанд суол меояд, ки посухашро шояд касе дар ду ниҳоди қудратӣ надонад. Аниқтараш ҳоло онро фикр карда набаромадаанд:

1. Чаро “террористон” ҷоеро барои ҳамла интихоб кардаанд, ки на ақибгоҳ доранд ва на ҷое барои гурез?

2. Чаро онҳо беш аз 200 километрро тай кардаанд то ба як посгоҳ ҳуҷум кунанд, дар ҳоле, ки ҳамин ҳамларо метавонистанд ба посгоҳи сарҳади Афғонистон кунанд ва ҳар вақт дилашон хост ба онҷо ақибнишинӣ кунанд?

3. Агар ҳадаф ваҳшатафканӣ ҳатто бо додани ин қадар қурбонии бузург буд, чаро ба нафарони мусаллаҳ ҳамла карданд, дар ҳоле, ки то Душанбе 25 километри дигар боқӣ мондаву метавонистанд дилхоҳ идораи давлатиро ба тасарруф дароранд?

 4. Чӣ гуна 20 нафар сарҳадро убур кардаанд, ки касе се рӯз аз он дарак наёфтааст?

5. Ҳаракати серӯза ва 200 километрии ин гурӯҳи бузург чӣ хел аз чашми мақомот пинҳон мондааст?

6. Онҳо ин масофаро чӣ гуна тай кардаанд? Агар бо мошин расидаанд, бояд марзи чанд ноҳия ва чанд посгоҳи пулисро убур мекарданд ва садҳо нафар, аз ҷумла кормандони пулис онҳоро медиданд. Агар пиёда омадаанд, пинҳон мондану дар як нуқта дар як вақт ҷамъ шуданашон тақрибан ғайриимкон аст.

Бори аввал нест, ки чунин ҳамлаҳои пур аз тазоду норабтиҳо дар Тоҷикистон рух медиҳад. Мақомот мекӯшанд аз онҳо барои сиёҳ кардани мухолифонашон ё дарёфти кӯмаки кишварҳои дигар истифода кунанд. Аммо ҳамеша бар зарари худашон тамом мешавад.

Ин дафъа ин “ҳамали террористӣ”, ки бо гумони 0олиб саҳнасозие беш нест ба нафъи киву зарари кӣ анҷом хоҳад ёфт?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>