Вазорати кишвари Олмон эълом кард, ки иқомат ва фаъолияти рӯҳониёни хориҷӣ дар ин кишвар машрут ба ошноии кофӣ бо забони олмонӣ аст. Ин муқаррарот шомили ҳоли ҳама адён мешавад, аммо беш аз ҳама мутаваҷҷеҳ имомони масоҷид аст.
Дар пажӯҳише, ки ахиран аз сӯи бунёде сурат гирифта, ҳудуди 2 ҳазор масҷид дар Олмон вуҷуд доранд, ки тақрибан 90 дарсади имомони ин масоҷид хориҷӣ ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба шумори турктаборон дар Олмон, ағлаби ин имомон аз кишвари Туркия ҳастанд.
Давлати Олмон қарор аст барои иқомат ва наҳваи кори рӯҳониёни мусулмон ва дигар адён муқаррарот ва қавоиъди ҷадиде вазъ кунад.
Бино ба тасмими давлати Олмон, аз ин пас мутаваллиёни адён пеш аз сафар ба Олмон бояд забони олмониро ба андозаи кофӣ фаро гирифта бошанд. Ҳорст Зеҳуфр, вазири умури дохилаи Олмон дар бораи тасмимоти ҷадиди давлат гуфт: “ошноӣ ба забони олмонӣ барои рӯҳониён лозимӣ аст, зеро онҳо барои муҳоҷирон улгӯ ва роҳнамо ҳастанд.”
Ба гуфтаи вазири кишвари Олмон ошноии имомон ба забони олмонӣ роҳи ҳампайвандӣ ва идғоми онон ва пайравонашонро дар ҷомеа осон мекунад.
Санади эътилофии давлати Олмон
Бино ба таърифи вазорати кишвари Олмон “ошноии кофӣ ба забони олмонӣ” барои рӯҳониён ба ин маъност, ки онҳо бояд ҷумалот ва ибороти мутадовилро бифаҳманд, ба хусус ҷумалоте, ки дар бораи иттилоот дар мавриди афрод ва хонавода, харид, кор ва умури рӯзмара ҳастанд.
Як сухангӯи вазорати кишвари Олмон тасреҳ кард, ки дар мароҳили аввалия ошноии содда ба забони олмонӣ низ кифоят мекунад.
Бино ба муқаррароти кор ва фаъолият, ки то кунун эътибор доштаанд, рӯҳониён бидуни пешшарт метавонистанд виза гиранд ва танҳо “далоили мазҳабӣ ва хайриявӣ” барои судури раводид кофӣ буданд.
Албатта бино ба қавонини Олмон муқаррароти мусаввабаи давлат танҳо бо таъйид ва тасвиби парлумони ин кишвар метавонад ба иҷро гузошта шаванд. Тасмими ҷадиди давлати Олмон дар асл таҳаққуқи тавофуқӣ аст, ки пештар дар санади эътилофи миёни аҳзоби масеҳӣ ва ҳизби сотсиал демократи Олмон ғунҷонда шуда буд. Дар ин санад омадааст: “Мо интизор дорем, ки имомон аз кишварҳои хориҷӣ битавонанд ба забон олмонӣ сӯҳбат кунанд.”
Ҷолиби таваҷҷуҳ ихтилофи кӯчак, аммо муҳимме аст, ки дар тасмими кунунии давлати Олмон ва қарордоди эътилофи аҳзоби ҳукуматӣ вуҷуд дорад. Дар тасмими давлат аз рӯҳониён ба таври куллӣ ном бурда мешавад, аммо дар санади эътилоф танҳо ба имомони масоҷид (рӯҳониёни мусулмон) ишора шудааст.

Ҳизби сабзҳо: Бо камбуди имом мувоҷиҳ мешавем
Филитс Пулот, намояндаи ҳизби сабзҳо дар парлумони Олмон ба тасмими давлати интиқод кард ва гуфт ин тағйирот сабаби коҳиши рӯҳониёни мусулмон хоҳад шуд, зеро марокизи омӯзиши Олмон дар ҳоли ҳозир наметавонанд ба андозаи ниёз имом тарбият кунанд.
Ба гуфтаи намояндаи ҳизби сабзҳо ҳанӯз равшан нест, ки давлати Олмон чӣ барномае барои омӯзиши имомон доранд ва чи гуна метавонад дар ин замина ниёзи мусулмони сокини Олмонро бароварда кунад.
Конфронси усқуфҳои Олмон дар моҳи март имсол низ дар ин бораи ҳушдор дод, ки ошноӣ ба забони олмонӣ барои рӯҳониёни хориҷӣ метавонад ба монеъи бузург барои анҷоми фароъзи динӣ бадал шавад. Ба гуфта усқуфҳо тасмими давлати Олмон набояд монеъи сафар рӯҳониён ба таври куллӣ шавад.