Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Истиқболи сатҳи бисёр поини Раҳмон дар Париж

$
0
0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми имрӯз, 7 ноябр вориди Париж, пойтахти Фаронса шуд. Ӯро нафарони маҷҳуле истиқбол карданд ва ҳамин дақиқаҳо ӯ бояд ба як нишасти соҳибкорон ҳозир шавад.

Сатҳи истиқболкунандагон “Пешвои миллати тоҷик” дар ҳади бисёр поин буд, ки дар ҳеҷ манбаъе номи пешвозгирандагон зикр нашудааст. Ҳатто дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон, ки одат дорад ин гуна пешвозҳоро бо шаҳомати аз будаш бештар нишон диҳад, сатҳи истиқболкунандгонро зикр накардааст. Танҳо гуфта шудааст “Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд”.

Истиқболкунандагон аз фурӯдгоҳ “Пешво”-ро ба қабули раҳбари иссмоилиёни ҷаҳон Оғохони 4 бурдаанд.

Дар наздикии маконе, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамин дақиқаҳо бояд зуҳр кунад, гурӯҳи 20-нафараи мухолифони тоҷик камин гирифтаанд ва мунтазираш ҳастанд. Ним соат қабл фаъоли сиёсӣ Муҳаммадиқболи Садриддин аз макони таҷаммӯъи мухолифон пахши мустақим доир кард. Сабти онро инҷо бубинед:



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>