Мақомоти қудратии Тоҷикистон сабаби амалиёт дар ноҳияи Турсунзодаро хабари шаҳрвандон дар бораи мушоҳидаи нафарони шубҳаноки сиёҳпӯш дар деҳаи Ширкенти ин ноҳия гуфтаанд.
Тибқи гуфтаи мақомот, сокинони маҳаллӣ аз пайдо шудани як гурӯҳи сиёҳпӯш дар Ширкент хабар додаанд ва ин сабаб шудааст мақомот билофосила ба ноҳия нерӯ ва техникаи ҷангӣ фиристанд.
“Пас аз расидани маълумоти зикршуда дар роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода постгоҳҳои кормандони сохторҳои қудратӣ гузошта шуда, бо чархболҳо мавзеи кӯҳистони дара аз назар гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум шуд, ки шахсоне,ки маълумотро дар бораи “одамони сиёҳпӯши шубҳаноки мусаллаҳ”ба Душанбе расонидаанд, шикорчиёни маҳаллиро террористони эҳтимолӣ пиндоштаанд”, – гуфтааст як манбаъ дар сохторҳои қудратӣ ба хабаргузории “Азия-Плюс”.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар бораи баргузории тадбирҳои фаврӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ ҷониби Ӯзбекистон сари вақт огоҳонида шудааст. Аммо дертар маълум гардидааст, ки маълумот иштибоҳӣ мебошад.
“Баъди чанде ҳамаи постгоҳҳои иловагӣ дар роҳи Турсунзода – Душанбе баргирифта шуда, нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба қароргоҳи доимиашон баргаштанд”, – гуфтааст манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ постгоҳи назоратии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми баргузории тадбирҳои махсус баста нашуда, айни замон ҳамаи 17 гузаргоҳ дар марзи кишварҳо бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Мақомот дар ҳоле тадобир дар ноҳия Турсунзодаро ба иттилоъи иштибоҳӣ бастагӣ медиҳанд, ки ҳамин гуна тадобир дар ноҳияи Ваҳдат ва Рӯдакӣ низ гирифта шуда буданд. Аз маълумоти рсонидаи шаҳрвандон бармеояд, ки тадбирҳои гирифташуда дар ноҳияи Ваҳдат аз ноҳияи Турсунзода камтар набудаанд.
Дар ҳамин ҳол фарзияҳои дигари ин амалиёт дар навоҳии атрофи пойтахт вуҷуд доранд, ки аз ҷониби мардум ва коршиносон садо медиҳанд.
Тибқи фарзияи аввал зимни амалиёт мақомот барои “безарар гардонидани” ҳамлагарон ба дидбонгоҳи “Ишқобод” қисмате аз онҳо фирор кардаанд ва тадобири амниятӣ ҳам ба ҳамин бастагӣ дорад.
Фарзияи дигар мегӯяд, аслан ҳамлагарон баъди ба қатл расонидани бештари сарҳадбонон ҷои ҳодисаро бидуни мамониъат тарк кардаанд ва онҳое, ки дар натиҷаи “амалиёти” мақомот кушта шудаанд, гурӯҳи савдогароне будаанд, ки ба кадом бозоре барои савдо мерафтанд. Як хонандаи Паём навишт, яке аз кушташудаҳо Яъқубов Шӯҳрат Ҳазратқулович дар “Сомонбозор”-и Хуҷанд нуқтаи фурӯш ҳам доштааст.
Фарзияи саввум ин аст, ки мақомот барои ба ҳошия кашидани баҳсҳо дар бораи фарзияи мақомот оиди ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”, ки норӯшаниҳо ва норабтиҳои зиёде дорад, амалиёт дар навоҳии атрофи пойтахтро роҳандозӣ кардаанд.