Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Рӯҳонӣ аз кашфи як майдони нафти бузург дар устони Хузистон хабар дод

$
0
0

Эрон хабари аз кашфи як майдони бузурги нафтӣ додааст, майдоне бо захираи нафтии муодили 53 миллиард бушка. Ба ин тартиб, ин дувумин майдони бузурги нафти Эрон аст. Хабари кашфи ин майдони нафтӣ дар расонаҳои байналмилалӣ низ бозтоби васеъ доштааст. 

Хабари кашфи ин майдони нафтии бузург тавассути Ҳасан Рӯҳонӣ расонаӣ шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон ба иллати таҳримҳои шадиди нафтӣ бо маҳдудиятҳое дар заминаи арза ва фурӯши нафт рӯ ба рӯ аст. 

Хабаргузории Ройтерз рӯзи якшанбе, даҳуми ноябр ба нақл аз Ҳасан Рӯҳонӣ хабар аз кашфи ин майдони нафтӣ додааст. 

Ба ин тартиб, ин дувумин майдони нафти бузурги Эрон ба шумор меояд. Бузургтарин майдони нафтии Эрон, майдони нафти Аҳвоз, низ ҳамчун майдоне, ки ҷадидан кашф шуда, дар Устони Хузистон қарор дорад. Мизони нафти мавҷуд дар майдони Аҳвоз бар асоси муҳосиботи вазорати нафти Эрон болиғ бар 65 миллиард бушка эълом шудааст. 

Мизони захоири исботшудаи нафти Эрон 150 миллиард бушка аст ва ба ин тартиб, кашфи майдони нафтии ҷадид ба маънои афзоиш 30 дарсади захоири нафти Эрон ба шумор меояд. 

Тавзеҳоте перомуни майдони нафтии ҷадид 

Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ИРНО бо интишори хабари марбут ба кашфи ин майдони нафтии ҷадид ба нақл аз суханронии Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, ки ин майдони нафтӣ ду ҳазору 400 километр мураббаъ масоҳат ва 80 метри умқ дорад. 

Раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар таҷаммӯъи мардум дар шаҳри Язд дар бораи кашфи ин майдони нафтии ҷадид гуфтааст, ки ин майдони нафтӣ аз майдони нафтии Бӯстон оғоз мешавад ва то наздики Умедия идома дорад. 

Рӯҳонӣ нафти мавҷуд дар ин майдони ҷадиди нафтиро дар шумори захоири исботшудаи нафти хом дар Эрон арзёбӣ кардааст. 

Ниёз ба технология ва сармояи хориҷӣ

Кашфи майдони ҷадиди нафтии Эрон дар шароите сурат мегирад, ки ин кишвар барои арза ва фурӯши нафти худ ба иллати таҳримҳои ҳаддиаксарии Амрико бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст. Бар асоси арзёбиҳои суратгирифта, мизони фурӯши нафти Эрон зарфи моҳҳои гузашта дар қиёс бо замони пеш аз эъмоли таҳримҳо байни 80 то 90 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Баҳраварӣ ва истеҳсол аз майдони нафтии ҷадид ниёз ба сармоягузорӣ ва ҳамчунин фановарии хориҷӣ дорад. Рӯҳонӣ дар суханронии худ таъкид кардааст, ки афзоиш танҳо 10 дарсади зариби истеҳсол аз ин майдони нафтӣ метавонад 320 миллиард доллар ба даромадҳои арзи кишвар биёфзояд. 

Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст: “Бояд ба самти истифода аз фановариҳои ҷадид биравем ва дар ин замина бархилофи он чи, ки бархе мегӯянд аз фановарии хориҷӣ истифода накунем, истифода аз ин зарфият, мизони баҳраварӣ ва даромади моро афзоиш медиҳад.” 

Бояд ёдовар шуд, ки дар асари таҳримҳои саноеъи нафт ва гази Эрон, ширкати фаронсавӣ Тотал ва ҳамчунин ширкати миллии нафти Чин, ки ибрози тамоюл карда буданд дар арсаи истеҳсол аз майдони порси ҷанубӣ бо Эрон ҳамкорӣ кунанд, ногузир ба қарордоди худ поён дода буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>