Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

11 миллион ниҳол дар як рӯз

$
0
0

Дар Туркия кампини бузурги ниҳолшинонӣ ҷараён дорад. Қарор аст мардуми ин кишвар имрӯз 11 миллион ниҳол шинонанд.

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия низ дар маросими оғози кампин “11 миллион дарахт; Имрӯз ниҳол, фардо оксиген” дар минтақа Янемаҳаллаи Анқара ширкат кард. 

Маросими кишти ниҳол дар чорчӯби кампини “11 миллион дарахт; Имрӯз ниҳол, фардо оксигин” имрӯз ёздаҳуми ноябр 2019 соати 11-и субҳ ба сурати ҳамзамон дар 81 устони Туркия баргузор шуд. 

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва ҳамсараш Амина низ дар чорчӯби ин кампин дар минтақаи Янемаҳаллаи Анқара ба кошти ниҳол пардохтанд. Урдуғон сипас тайи суханоне гуфт: 

“Дар тӯли 17 соли ахир 4.5 миллиард ниҳол кошта ва масоҳати ҷангалҳои Туркияро аз 20.8 миллион ба 22.6 миллион гектар расондем. Ҳассосияти мо нисбати фазои сабз ва бозро наметавон бо тарозу санҷид”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>