Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

The Insider: ДОИШ ҳеҷ рабте ба ҳамлаи “Ишқобод” надорад

$
0
0

Нашрияи маъруфи The Insider фарзияи мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро рад карда бо истинод ба манбаъаш фарзияи дигареро пешниҳод кардааст, ба воқеъият наздиктар аст.

Тибқи иттилоъи манбаъи наздик ба мақомоти интизомии The Insider ҳамла ба дидбонгоҳ воқеъан ҷой доштааст. Вале ҷанговарони ДОИШ ҳеҷ рабте ба он надоштанд ва ҳеҷ гуна сарҳадшиканӣ ҳам, чуноне ки намояндагони мақомоти Афғонистон ҳам расдиқ карданд, рух надодааст.

Нашрияи The Insider бо такя ба манбаъа мегӯяд, ки ҳамлагарон ба тиҷорати шираи камол, ки аз қадим чун гиёҳи табобатӣ истифода мешавад, рабт доштанд. Дар Ҳинд шираи камолро, ки гӯё саратонро ҳам табобат мекунад, дар саноъати дорусозӣ васеъ истифода мекунанд ва воридоти он аз Тоҷикистону Афғонистон хуб ба роҳ монда шудаасту даромади зиёд меорад. Аммо тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ба тиҷорати шираи камол танҳо ширкати “Фароз” ҳақ дорад, ки ба яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон – Шамсулло Соҳибов таъаллуқ мегирад. 

Одатан ҷамъоварандагони шираи камол шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки дар мавсими ҷамъовари ин гиёҳ тавассути афғонҳои миёнарав бо визаи корӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Барои кори пурзаҳмати ҷамъоварии шираи камол, онҳо ҳамчунин сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занони танҳоро киро мекунанд. 

Ҳар сол ва гоҳе чанд бор дар сол, монополист нархи хариди шираи каомл аз ҷамъоварандагонро муайян мекунад ва ин зуд-зуд боиси зархаша байни ҷамъоварандагон ва ширкта мегардад. Моҳи апрели соли ҷорӣ ин хархаша бори аввал ба тазоҳуроти эътирози дар назди идораи ширкати “Фароз” табдил шуд – рӯйдоде бисёр нодир дар кишваре, ки камтарин кӯшиши тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ пешгирӣ ва бо сахтӣ ҷазо дода мешавад. Тазоҳургарон қимати эълоншудаи 10 доллар барои як килои шираи камолро “қаллобӣ” хонданд. Чаде аз тазоҳургарон боздошт шуданд ва тақдирашон то ҳанӯз номаълум аст. 

Моҳи сентябр ширкати “Фароз” аз худбарҳамдиҳӣ хабар дод ва ба ихроҷи чанде аз кормандонаш шурӯъ кард. Дар ҳошияи маблағи пардохтнашудаи шираи камол, қисме а ҷамъоварандагони ин гиёҳ ин корро чун кӯшиши фиреби худашон ва аз бозори ҷамъоварӣ ихроҷ карданашон баҳо доданд. Баҳсҳо шрӯъ шуданд. Дар аввали моҳи ноябр назди бозори “Фаровон”-и Душанбе, ки ба домоди дигари раисҷумҳур Зарифбек Давлатов таъаллуқ дорад, байни бригадирҳои ҷамъоварандагони шираи камол ва намояндагони ширктаи “Фароз” баҳси тунде рух дод. 

Тибқи маълумоти манбаъи The Insider баъди он баҳси тунд, ҷамъоварони бахашмомадаи шираи камол, ки аз тоҷикону афғонҳо иборат буданд, бо ҳамсаронашон Душанберо тарк карданд. Сипас бо фитнаи як намояндаи хадамоти амниятӣ тасмим гириятанд қасоси худро аз золимон ситонанд. Барои ин кор ба онҳо силоҳ лозим буд. Барои пайдо кардани он ба ҷамоъати Эсанбой, ки ҳар сол онҷо шираи камол ҷамъ мекарданду ҳар ваҷабашро медонистанд ва бо сарҳадбонон низ шинос буданд, равона шуданд. 

Бидуни мушкил 5 “калашников” ба даст оварданд ва баъди чанд соат дар роҳ мавриди ҳамлаи ниҳомиёни тозарасида гардиданд. Мошинҳои онҳо сӯзонда ва бештарашон ҳам парронда шуданд. Ба ҷои ҳодиса чанд боздоштшудаи ношиноси дигарро оварда ҳамонҷо парронданд ва байни куштаҳои ҷамъоварони шираи камол партофта шуданд. Ҳамин тавр дар сайти ВКД акси “ҷангиёни ДОИШ” бо дастҳои баста пайдо шуд, ки баъдан бо шитоб аз сайт бардошта шуд. Гуфтанист, аз сайт метамаълумоти аксҳо – дар куҷо, кай ва бо кадом асбоб гирифта шудани онҳо низ ғайб заданд.  

Фарзияи даст доштани ҷангиёни ДОИШ ба ҳамла дар Тоҷикистон баъдан фикр карда бароварда шуд, чун он ба вазъи имрӯзаи геополитика бисёр мувофиқ аст. Дар охири октябр – аввали ноябр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон котиби “Шӯрои асниятии Русия Николай Патрушев дидан кард ва “таҳдиду чолишҳо аз Афғонистон”-ро баррасӣ кард, ки бояд кӯшишҳо дар ин самт бо Маскав ҳамоҳанг шаванд. “Чолиш” ҳам айнан дар вақташ расид 

Аммо дар масъалаи ин ки ДОИШ ҳамларо баъди се рӯз “ба дӯш гирифт”, маълум аст, ки дар Душанбе тавассути “шиносҳо” дар мақомоти саудӣ ёд гирифтаанд, ки ҷӣ гуна web-манбаъи “Аъмоқ”-ро, ки ба ДОИШ вобаста аст, розӣ кунонанд “ба дӯш гирад”. Ба ҳамин монанд кор дар ҳамла ба чаҳор амерокоиву аврупоӣ, ки бо дучарха дар Тоҷикистон саёҳат мекарданд, рух дод. Он амалиёти террористиро ҳам, ки суолҳои бисёре дар коршиносони тоҷику хориҷӣ ба вуҷуд оварда буд, мақомоти Тоҷикистон барои сиёҳ кардани мухолифони худ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истифода карданд, ки гӯё аъзои ин ҳизб ба ДОИШ байъат ва бо амри он ҳамларо анҷом додаанд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>