Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бо 12 миллиард доллар фурӯш, Алибобо рекорди “Рӯзи муҷаррадҳо”-ро шикаст

$
0
0

Калимаи рамз барои расидан ба ганҷ барои Алибобо 11 ноябр буд, ки ин консерни интернетӣ дар соли 2011 кашфаш кард. Рӯзе, ки дар Чин ба рӯзи муҷаррадҳо маъруф аст. Дар ин рӯз Алибобо, ғӯли интернетӣ, бо тахфифҳои вежа ба майдон меояд. 

Алибобо, рақиби чинии Амазонка, тавонист дар нахустин соати оғози бузургтарин рӯйдоди тиҷорати электроник, рекорди фурӯши ҷадидеро ба номи худ сабт кунад. 

Ин фурӯшгоҳи интернетӣ эълом кардааст, ки дар нахустин соати оғози “рӯзи муҷаррадҳо” (SINGLES‘ DAY) тақрибан 12 миллиард доллар (84 миллиард юан) фурӯш дошта, ки ин рақам 22 дарсад бештар аз соли гузаштааст. 

Пас аз гузашти 4 дақиқа, ин рақам ба 14 миллиарду 300 миллион доллар (100 миллиард юан) расид. Тибқи иттилооти мунташиршуда аз сӯи ин ширкати ғӯлпайкари чинӣ, имсол дар рӯйдоди тиҷорати электроники ин консерн, беш аз 200 ҳазор баранда ширкат кардаанд ва шумори харидорони онлайн ҳудуди 500 миллион нафар аст, ки 100 миллион бештар аз ноябри соли гузаштааст. 

Дар Чин рӯзи 11 ноябр (рӯзи ёздаҳум аз моҳи ёздаҳуми сол)-ро рӯзи муҷаррадҳо медонанд. Дар ин рӯз муҷаррадҳо бо баргузории портиҳо ва маросими гуногуне даври ҳам ҷамъ мешаванд. 

Ин рӯз ва ҷашнҳои муртабит бо он ба қадре дар Чин ривоҷ пайдо карда, ки бахши тиҷорӣ ҳам мутаваҷҷеҳи он шуда ва фурӯшгоҳи интернетии Алибобо, аз соли 2009, ин рӯзро ба фестивали харид табдил кардааст. 

Аз таърихи 11 ноябри соли 2011, рӯзе бо 6 адад як (11.11.11) дар таърих, ки муҷаррадҳо дар Чин дар он рӯз ҷашнҳои бузурге барпо карданд, ин рӯзи мутародиф шуда бо бузургтарин саҳнаи ҳароҷ ва тахфифи сол. 

Рӯзи муҷаррадҳо дар Чин, дар иқтисоди ин кишвар, нақши муҳимме дорад. Дар ҳоли ҳозир иқтисоди Чин рушди кундеро дар 30 солаи ахир таҷриба мекунад. Ба ҳамин иллат тақозои дохилӣ аз аҳамияти вижае бархурдор шудааст. Бисёре аз харидорони чинӣ аммо барномаҳои хариди худро то расидани “рузи муҷаррадҳо” ва истифода аз тахфифҳои вежаи ин рӯз, ба таъвиқи меандозанд. Онҳо зарфи 24 соат метавонанд колоҳои мавриди ниёзи худро бо тахфифҳои вежа харидорӣ кунанд; Чизе шабеҳи “ҷамъаи сиёҳ” ва ҳароҷи бузург дар Амрико. 

Дар рӯзи ҳароҷи бузурги Чин, маъмулан телевизион ҳам ба майдон меояд ва бо пӯшиши барномаҳое чун консертҳои хонандаҳои машҳур , ҷилваи вижае ба ин рӯз дар Чин мебахшад. 

Имсол Телор Свифт, хонандаи америкоӣ меҳмони нахусти ҷашни Алибобо буд, ки телевизион ҳам онро пӯшиш медод. 

Ҳарчанд, ки Алибобо дар бозори Чин ҳарфи нахустро мезанад аммо рақиби ин консерн, JD.com ҳам бекор нанишаста ва беш аз пеш дар майдони рақобат, ҷилави Алибобо қад алам мекунад. Аз дигар рақибони Алибобо метавон ба pinduoduo ишора кард, ки рафта рафта маҳбубияташон дар миёни харидорон ба хусус дар шаҳрҳои камтар мураффаъи Чин, бештар мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>