Шумори шуҳадои ҳамалоти ҳавоии артиши Исроил ба навори Ғазза аз сешанбеи гузашта то кунун ба 34 нафар афзоиш ёфт.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард: Ҷасади 2 нафари дигар, ки дар ҳамалоти ҷангандаҳои Исроил ба навори Ғазза, ки аз сешанбеи гузашта то соати 05.00 субҳи имрӯз ва эъломи оташбас идома дошта, шаҳид шуда буданд, ёфт шуд.
Ҳувияти шуҳадо эълом нашудааст. Бад ин тартиб шумори шуҳадои ҳамалоти Исроил аз ду рӯзи қабл то кунун ба 34 нафар расид. 6 тан аз қурбониён кӯдак ва 3 нафар низ зан ҳастанд.
Аз сӯи дигар дар ҳамалоти ахири Исроил 110 нафар низ захмӣ шудаанд.
Ггуфтанист ҳамалоти ҷангандаҳои Исроил ба навори Ғазза бомдоди сешанбе дар пайи террори Баҳо Абулъато, яке аз фармондеҳони гардонҳои Қудс оғоз шуда ва дар абъоди густурдатаре идома ёфт.
Гардонҳои Қудс, шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, пас аз террори Абулъато бисёре аз манотиқи Исроил ба вежаи Телавивро бо рокети хумпора ҳадаф қарор доданд. Вазорати дифоъи Исроил низ дар манотиқе аз ин кишвар, ки шомили марзи Ғазза то Телавив мешавад, вазъияти фавқулода эълом кард.
Ҷиҳоди исломӣ эълом кард, ки бо миёнҷигарии Миср тавофуқи оташбас бо Исроил ҳосил ва аз соати 05.00 субҳи имрӯз иҷроӣ шудааст.