Роҳбари ПМТ зимни суҳбати онлайнияш шоми дирӯз, чаҳоршанбе, 13 ноябр дар шабакаи иҷтимоии ютуб сабаби аслии ноамниву бесуботиҳо дар кишварро маҳз мақомоти Тоҷикистон донист. Ӯ гуфт, чор панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзо дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Боқимонда, ҳамаи ниҳодҳо иҷрокунандаи фармони ин нафарони андак мебошанд.
То “вақте аз дуздии онҳо аз ҷинояту порахуриҳои онҳо пурсида шавад, бо даҳони пур бигӯянд: Алон вақти суҳбати ин чизҳо нест, мо бояд оиди мушкилиҳои бузурге, ки дар кишвар вуҷуд дорад сӯҳбат кунем. Вақте дар Тоҷикистон тероризм вуҷуд дорад, вақте ин ҳама ноамниву ташаннуҷ дар миён аст, аз ришвахуриву дуздӣ ва камбудиҳои дигари мо суҳбат накунед. Аввал бояд бо хатари тероризм мубориза бурд”.
Муҳиддин Кабирӣ афзуд: “Ин худи мақомоти давлатдорӣ аст, ки мардумро, ба хусус ҷавононро маҷбур месозад ифротгаро шаванд.
“Вақте ҳукумат, тиҷорати ҷавонони тоҷирро аз дасташон ба зур мегирад, вақте ҷавононро аз ҷойи хобашон аблава мекунад, арзишҳои динии ҷавононро бо кашидани сатру тарошидани риш таҷовуз мекунад, ҳатто дар маросимҳои туйу худоӣ дегу табақи мардумро чен мекунад, албатта ҷавонони ғаюр роҳи чорае ба ҷуз ифроти шудан надоранд”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Роҳбари ПМТ Гулмурод Ҳалимов, собиқ сарҳанги ОМОН- ро,ки ба ДОИШ пайваст, мисол оварда гуфт, Ҳалимов парваришёфтаи дасти худи мақомот буд. Вақте ҳукумат аз ӯ хост ба занҳои фоҳиша сатр пӯшонад, то симои занҳои сатрпӯш дар назари мардум беобрӯй гардад, виҷдонаш бедор шуд. Гуфт: Ба ҷойи ин корро кардан, бо сатру номуси мардум ҷанг эълон кардан, ман бо худи шумо меҷангам. Рафту ба ДОИШ пайваст. Гулмурод, ки аъзои Паймони Миллӣ набуд, аъзои Ҳизби Наҳзат ё аз озодандешон низ набуд. Ӯ маҳсули дасти худи ҳукумат буд, ҳукумат маҷбураш кард то ифротгаро шавад.
Роҳбари ПМТ бо ишора ба доираи калидии ҳукумати Тоҷикистон гуфт, чор панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзо дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Барои ин даъвояш Кабирӣ зимнан далоили возеҳ баён кард ва аз қазияи қабули қонун дар бораи Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ёдовар шуд, ки он замон вакили парлумон буд.
Ӯ гуфт: “Вақте дар Тоҷикистон қонуни дин тасвиб мешуд, ман зиддияти худро ба тасвиби ин қонун шадидан баён кардам. Зиддияти шадиди маро дида, раиси кумитаи дин Муродуллоҳ Давлатов ва раиси Маҷлиси Намояндагон Сайидуллоҳ Хайруллоев, дар танаффуси маҷлис маро ба утоқи худ ҷеғ зада дар танҳоӣ сӯҳбат доштанд”.
Ӯ афзуд: “Таъкид кардам, ки тасвиби ин қонун ҷиноят мебошад. Шумо мехоҳед имомхатибони болаёқатро аз минбарҳо дур кунед, уламои дӯстдоштаи миллатро аз мардум мегиред, ба ҷойи онҳо шахсони худатонро, ки аслан лаёқати имомхатибӣ надоранд ва мардум низ онҳоро дӯст намедоранд ба минбарҳо оред? Давлатов дар ҷавоб гуфт: Ҳоло дар Тоҷикистон андешаи динӣ қавӣ шуда истодааст, мо бояд динро дар чашми мардум беобрӯй кунем. Лаҷоми имомхатибонро ба даст гирем. Имомхатибони босаводу болаёқатро наметавонем ба даст гирем, онҳоро бо ҳар далел аз минбар бояд дур кард ва ба ҷои онҳо нафарони худамонро овард.
Баъдан фаҳмидам, ки худи Муродулло Давлатов низ нафари иҷрокунанда аст, ӯ низ амри болоро анҷом медиҳад”.
Муҳиддин Кабирӣ бо зикри таърихи қабули қонун дар бораи “Озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ” тасреҳ кард, ки бо вуҷуди он ки ҳукумат уламои дӯстдоштаи мардумро аз минбарҳо дур кард ва имомхатибони мухлисро нобуд кард, ҷавонон аз паи имомхатибони ҳукумат нарафтанд, рафтанд ба сӯи ифротгароӣ ба сӯи шахсоне, ки фикр мекунанд, метавонанд бо ин ҳукумат биҷанганд ва ғолиб оянд.
Муҳиддин Кабирӣ бо таъкид гуфт: Ҳар ҳукумате, ки дар он, арзишҳои динӣ, миллӣ ва инсонӣ маҳдуд аст, мардумаш ба ифротгароӣ рӯй меоваранд, зеро чораи дигаре надоранд. Мутаассифона, худи ҳукумати Тоҷикистон чунин мардум, чунин ифротгароиро мехоҳад, то пушти пардаҳои террористон ифротгароии сиёсии худ ва ҷиноятҳои худро пинҳон нигоҳ дорад.
Шакли пурраи баромади раҳбари ПМТ-ро инҷо бубинед:
https://www.youtube.com/watch?v=iLa2-Ot8-n0