Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ИА аз Душанбе хост ба ҳуқуқи мардум ва озодии баён эҳтиром гузорад

$
0
0

Дар муколамае дар Душанбе намояндагони Иттиҳодияи Аврупо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ба ҳуқуқи мардум, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён эҳтиром бигузорад. Муколама дар бораи ҳуқуқи инсон дар байни ду тараф рӯзи 15-уми ноябр сурат гирифтааст.

Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳодияи Аврупо, ки дар ин рӯз нашр шуд, омадааст, “Ҳукумати Тоҷикистон бояд, дастрасӣ ба иттилоъ барои тамоми хабарнигоронро осон кунад ва дастрасии озод ба Интернет, вебсайтҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоиро барои тамоми шаҳрвандон фароҳам созад, чун ҳарду сутуни ҳуқуқи инсон ва рушди иқтисодӣ ҳастанд.”

Дар муколамаи 11-уми ҳуқуқи инсон байни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон доир ба акредитатсия ва ё иҷозаи кор гирифтани 7 хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам суҳбат шудааст. Дар баёния омадааст, Иттиҳодияи Аврупо ба акредитатсияи бақияи хабарнигорон таъкид кардааcт, то радио тавонад, озодона дар Тоҷикистон фаъолият кунад. Айни замон 11 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мунтазири гирифтани акредитатсия ҳастанд.

Дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин омадааст дар Тоҷикистон, фазо барои мурооти ҳуқуқи инсон тангтар мешавад, рақибони сиёсиро зиндонӣ мекунанд, аъзои хонаводаи онҳо ва вакилони дифоашонро озор медиҳанд.

Дар муколама дар шаҳри Душанбе, ҳайати Иттиҳодияи Аврупоро Борис Ярошевич, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, раиси Шӯъбаи кафолати ҳуқуқи конститутсионии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ кардаанд.

Иттиҳодияи Аврупо яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст ва айни замон аз кӯмакрасонҳои аслии кишвар ба ҳисоб меравад. То кунун иттиҳодия барои иҷрои тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кишвар садҳо миллион евро кӯмак кардаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз раҳбарони иттиҳодия хостаанд, дар ивази кӯмаку дастгирии тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумат риояти ҳуқуқи инсон ва таҳкими демократияро талаб кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>