Сомонаи India Today навишт, ки дар мусоҳиба бо ин сомона Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, аз амалиёти “ДОИШ” дар қаламрави Тоҷикистону Узбакистон ҳушдор додааст.
Зарифӣ гуфтааст, “Ин гузоришҳо таҳаввулоти бисёр ҷиддиянд. Мо ба таври рӯзмарра бо дӯстони ҳиндии худ дар робита бо ҷобаҷоии ДОИШ ва таҳдиди ношӣ аз ин иқдомот ҳастем. Мо ҳамчунин бо Покистон, Русия ва Чин дар тамос ҳастем. Ин мавзӯъе аст, ки метавонад ҳамаи моро муттаҳид кунад. Амрико ба наҷоти мо нахоҳад расид. Мо бояд ба якдигар кӯмак кунем.
Тибқи гузориши сомона ин мусоҳиба баъди кушта шудани Абӯбакри Бағдодӣ дар Сурия сурат гирифтааст. Бағдодӣ 27 октябр дар пайи як амалиёти ИМА дар Сурия кушта шуда буд. Аммо, ҷолиб ин аст, ки ҳиндиҳо ин хабарро қариб 20 рӯз пас нашр карданд. Ин дар ҳоле аст, ки шаби 6 ноябр ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” сурат гирифт, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёни “ДОИШ” амалӣ шудааст.
Гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 – уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд. Ин хабар дар барномаи хабарӣ таҳлилии Паёмнюз дар шабакаи ютуб аз ҷониби коршиносон шарҳ дода мешавад.